Моҳи июни соли 2025 ба Тоҷикистон ҳавои гарми ҳақиқии тобистона меояд. Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, қариб дар саросари қаламрави кишвар ҳавои то 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ мешавад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар як қатор ноҳияҳо боридани борон ва фаромадани тӯфону чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.
Душанбе, Хатлон ва водиҳои НТМ: гармии аз меъёр зиёд ва чангу ғубор
Дар пойтахти кишвар, вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳарорати миёнаи моҳона 26-32 дараҷа гармро ташкил хоҳад дод, ки 1-2 дараҷа баландтар аз нишондиҳандаи маъмулӣ аст.
Рӯзона ҳаво хеле гарм - то 42 дараҷа ва дар ҷанбуи ҷумҳурӣ баъзан то 45 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати 15 то 27 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар ноҳияҳои доманакӯҳ ҳаво каме салқинтар мешавад: рӯзона то 36 дараҷа ва шабона - аз 14 то 27 дараҷа гарм.
Боришоти начандон зиёд дар назар аст, аммо баъзан миқдори он метавонад аз меъёр зиёд бошад:
Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ - аз 10 то 20 миллиметр;
Хатлон — аз 1 то 12 миллиметр;
Доманакӯҳ — то 22 миллиметр.
Ҳамчунин боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва пурзӯр шудани суръати шамол аз самти ғарб то 22 метр дар як сония дар назар аст. Дар ин рӯзҳо тӯфони чангу ғубор низ имкон дорад.

Вилояти Суғд: гармӣ бо раъду барқ
Дар вилояти Суғд моҳи гарм пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо 26-29 ва дар кӯҳҳо 13-18 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорат то 15 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ - то 5 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Рӯзона дар водиҳо то 40 ва кӯҳҳо то 30 дараҷа гарм мешавад.
Боришоти аз меъёр кам дар назар буда, лекин дар кӯҳҳо боришоти пуршиддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин обуҳавошиносон аз шамолҳои сахти то 22 метр дар як сония огоҳ мекунанд.
Кӯҳҳои НТМ ва ғарби ВМКБ: рӯзона гарм ва шабона салқин
Дар ин ноҳияҳо ҳарорати миёнаи моҳона 17-22 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Ҳарорати шабона — аз 7 то 17, рӯзона — аз 21 то 32 дараҷа гарм. Дар рӯзҳои ҷудогона ҳарорат метавонад то 36 дараҷа гарм шавад.
Боришот дар ҳудуди меъёр пешбинӣ шудааст:
- дар кӯҳҳои НТМ — то 55 миллиметр;
- дар ғарби ВМКБ — то 20 миллиметр.
Ҳамчунин раъду барқ ва шамолҳои пуршиддати то 22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

Шарқи ВМКБ: шабона хунук ва рӯзона салқин
Ҳавои аз ҳама сард мисли пешина дар шарқи ВМКБ пешгӯӣ мешавад: ҳарорати миёнаи моҳона 6-10 дараҷа гарм.
Шабона - аз 3 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм, рӯзона - аз 7 то 18 дараҷа гарм. Дар рӯзҳои ҷудогона ҳарорат метавонад то 22 дараҷа гарм шавад.
Боришот дар ҳудуди меъёр - аз 8 то 16 миллиметр ва баъзан баландтар пешбинӣ мешавад.
Аз боришоти пуршиддат ва суръати шамол то 20 метр дар як сония, бӯронҳо ва бад шудани сатҳи биноӣ огоҳӣ дода мешавад.
...Ба ин тариқ, моҳи июн дар Тоҷикистон ҳавои гармӣ ҳақиқи тобистона пешгӯӣ шудааст, бахусус дар водиҳо ва ноҳияҳои ҷануб. Аммо обуҳавошиносон аз борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва тӯфонҳои чангу ғубор дар рӯзҳои ҷудогона огоҳ мекунанд.
Ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ тавсия дода шудааст, ки дар давраҳои гармии беҳад зиёд ва пурзӯр шудани суръати вазидани шамол эҳтиёткор бошанд.





Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста