Радиои “Азия-Плюс” байни радиоҳои Тоҷикистон аз лиҳози фарогирии аудитория дар давоми як ҳафта боз пешсаф дониста шуд. Дар ин бора дар таҳқиқоти мустақили ширкати “Ёрӣ Маркетинг Саноат” барои соли 2024 хабар дода мешавад.

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот, 6,8% сокинони шаҳр ҳадди ақалл як маротиба дар як ҳафта радиои “Азия-Плюс”-ро гӯш медиҳанд. Ин нишондиҳандаи баландтарин миёни зиёда аз 20 радио бо шумули ҷумҳуриявӣ ва  минтақавӣ аст.

Дар зинаи дуюм радиои “Ватан” (5,5%) ва сеюм радиои “Имрӯз” (5,1%) қарор доранд.

 


Таҳқиқот бо методикаи "Day After Recall" гузаронида шудааст. Ба сокинон пешниҳод шудааст, ки бори охир ё ҳамагӣ чанде пеш чиро гӯш кардаанд. Чунин тарзи пурсиш дар бораи воқеан чиро гӯш кардан бидуни таъсири донистани тамға (бренд ё кадом радио) имкон медиҳад.

Назарсанҷӣ аҳолии синни аз 15-сола болоро дар шаҳрҳои бузурги кишвар фаро гирифтааст. Дар ҳар семоҳа ширкат миёни 700 хонавода пурсиш гузаронида, нисфи пурсидашудагон мардон ва нисфи боқимонда - занон будаанд. Бино ба маълумоти таҳқиқот, 44%-и пурсидашудагон радиоро ҳамарӯза гӯш мекунанд.

 

Барои рекламадиҳандагон ин чӣ маъно дорад?

Фарогирии ҳадди ниҳоӣ: Радиои “Азия-Плюс” шабакаи пурсамар барои алоқа бо аудиторияи фаъоли шаҳр аст.

Платформаи боэътимод: Мавқеи устувор дар радабандиҳо ва шинохти зиёди радио аз ҷониби сомеъон интихоби идеалӣ барои ширкатҳои рекламадеҳ аст.

Маълумоти муҳиму рӯзмарра: Таҳқиқот тасдиқ мекунад, ки реклама дар  “Азия-Плюс” бечуну чаро ҳарчи бештар то аудиторияи васеъ  мерасад.

 

Мехоҳед, ки дар радиои ё дигар платформаҳои “Азия-Плюс” рекламаи худро ҷой диҳед?

Аз Telegram-боти @asiaplus_ads_bot, ки ёвари оқил ва боақлу фаҳм бо ҳуши маснӯӣ асту дар муддати 2-3 дақиқа шаклу майдонҳои ҷойгиркунии рекламаро мувофиқи ҳадаф ва имкони молиявии шумо интихоб мекунад, истифода баред.

Дар бот нархномаҳои муҳиму рӯзмарра, маълумоти муфассал дар бораи ширкат (медиакитҳо), шарҳу тавзеҳи ҳамаи имконоти марбут ба реклама (радио, сомона, шабакаҳои иҷтимоӣ, газета, видео) ва хеле зуд тамос гирифтан бо менеҷер дастрас аст.

Ҳамчунин бо телефони 41-41 метавонед маслиҳату машварат гиред.

 

Бо машаққат ба сӯи ситораҳо

Таърихи таъсиси радиои “Азия-Плюс” чандин солҳо пеш оғоз шуд. Соли 1998 ширкат барои таъсиси якумин FM-радио дар Тоҷикистон гранти ЮНЕСКО-ро дарёфт намуд, лекин муддати чор сол наметавонист барои пахши барномаҳо муҷаввиз (литсензия) гирад. Танҳо пас аз дахолати шахсии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ин масъала дар ниҳояти кор роҳи ҳалли худро ёфт. Рӯзи 9 сентябри соли 2002 бори нахуст дар басомади 107 FM пахши барномаҳои радиои “Азия-Плюс” оғоз шуд.

Аз соли 2011 пахши барномаҳои радио ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва каме баъдтар тариқи интернет дар саросари ҷаҳон роҳандозӣ шуд. Радио дар миқёси шаҳр мунтазам иқдомҳои бузурги ҷолибу хотирмон, аз қабили консерту ҷашнвораҳо ва ҳар сол маросими тақдими ҷоизаҳои мусиқии Tarona Music Award-ро барпо мекунад.

Имрӯз дар радио як дастаи муттаҳиди ровиёну рӯзноманигорон ва муҳаррирони соҳибтаҷриба фаъолият дошта, он садои маъруфу шинохташуда ва дӯстдоштаи кишвар боқӣ мемонад.

Дар маводи мо таҳти унвони “Радиои “Азия-Плюс”: Макони лабрез аз муҳаббат” дар бораи фаъолияти радио маълумоти бештар муфассал қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.