Маънии торҳои “Сетор”-и Фарзона, ёди Ҳумоюни бафанопайваста ва бебақоии дунё, замзамаи ишқу ҷавонӣ, пайванди маънавии кишварҳои форсизабон ва таронаву сурудаҳои марғуб дар маҳфили ду шоири шаҳири миллат - Озарахшу Фарзона дар пойтахти кишвар.

Чанде пеш ин ду шоири маъруфи тоҷик, ки аз зумраи “шоирони асил” ном бурда мешаванд, дар Душанбе маҳфили адабӣ бо унвони “Ҳумоюн” баргузор карданд. Аз ин маҳфил “Азия-Плюс” гузорише таҳия карда бо номи “Агар шеър асил аст...”. Маҳфили “Ҳумоюн”-и Озарахшу Фарзона дар Душанбе чӣ гуна гузашт?” нашр карда буд.

Аммо ин бор, муфассал онҳо аз чӣ суҳбат карданду кадом шеъру таронаҳоро қироат намуданд ва ба унвони эшон чӣ суханҳо гуфта шуд, гулчин кардем.

 

“Кишвари комилан миллӣ”

Азизам, ба номат салому муҳаббат,

Алайки саломат, салому муҳаббат.

Фарзона дар ибтидои каломи хеш бо арзи “салому муҳаббат” ин фурсати накӯро, ки ба дидори азизон расидааст, маънии зиндагӣ таъбир карда, вақтро нодиртарин ганҷ ва гаронтарин сармоя унвон дод ва ба мухлисонаш барои ин ҳама муҳаббату фурсат изҳори сипос кард.

Озарахш низ зиндагиро “як салому як алайк, як омадану як рафтан” таъбир карда, арза дошт, ки дар ин фурсат бояд ба қадри ҳам, дидори ҳам ва суҳбати ҳам бирасем.

Озарахш ва Фарзона, ки тоза аз Эрон баргашта буданд, аз таассуроти сафару васфи эрониён аз Тоҷикистон ва мардуми он қисса карданд.

 


“Аҷаб шаҳрест Душанбе, ки хиёбони бузургу ҷодаи тӯлонӣ дорад бо номи Исмоили Сомонӣ ва аҷаб кишварест Тоҷикистон, ки ҳар кӯчаеву ноҳияе номи бузургони илму адаби моро дорад. Кишваре доред, ки комилан миллӣ аст” - аз таърифи яке аз дӯстони эрониаш ёд овард Фарзона.

Ӯ гуфт, Саид Нафисӣ ҳам замоне аз Тоҷикистон ба унвони оғозгоҳу сарзамини поки ниёгонаш ёд оварда, бидуни он ки сафаре ба ин кишвар дошта бошад, ба номи ҳаводорони тоҷикиаш шеъре гуфтааст:

“Ин ки дар дасти ту аст, эй нозанин,

То напиндорӣ, ки коғазпора аст,

Ҳаст ҳарфе аз баёни оташин,

Достони ошиқи бечора аст.

Ва он достони ошиқи бечора ба номи ману шумо, ба номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик навишта шуд”, - гуфт Фарзона.

Ӯ бо ишора ба муштарак будани дарёи фарҳангу шеъру адаби ин ду кишвар изҳори хушҳолӣ ҳам кард, ки имрӯз Тоҷикистонро дар  ин кишвари ҳамзабонаш мешиносанд, бо тафовут аз сафари 13 сол қаблаш, ки ҳатто бо шунидани номи тоҷик изҳори таҳайюр мекарданд.

 

Нақшаи мо дигару нақшаи боло дигар аст...

Фарзона аз Ҳумоюн, писари ҷавонмаргашон, ки маҳфил низ ба номи ӯст, ёд оварда, аз сафари 12 сол пешинааш ба Душанбешаҳр қисса кард. Ӯ нақл кард, ки дар ин сафар рӯзе ӯро ба ин театр (Театри опера ва балет) овард, рӯзе, ки намоише ба саҳна гузошта намешуд.

“Инҷоро ба Ҳумоюнҷон нишон додаму гуфтам, ки Худованд хоста бошад, рӯзгоре мешавад, ки ин ҷо маҳфилу суҳбатҳо баргузор мекунӣ. Он вақт албатта орзуи мо комилан дигар буд.

Нақшаи мо дигару нақшаи боло дигар аст,

Муҳри инсон дигару муҳри Таъоло дигар аст.

Ҳар чӣ барнома кашидам, хати батлон зада шуд,

Хатти қисмат дигару хостаи мо дигар аст”, - бо таассуф нақл кард ӯ.

Фарзона бо ишора ба нопойдор будани дунё ва муҳаббати модар ба фарзанд аз ҳаводиси имрӯзини Фаластину дигар кишварҳои ҷангзада ёд оварда, гуфт, “агар дар Олмон ё Ҷопон ё Фаластин, ё ягон ҷойи дунё навҷавонаке гузарад, ҷони модарҳо меларзад, зеро ҷони модар на дар вуҷуди худ, балки дар вуҷуди фарзандаш аст”.

Аз дуроҳаи дунё ҳам ту меравӣ, ҳам ман,

Рӯ ба сӯи Он Якто ҳам ту меравӣ, ҳам ман.

Тоҷи мо зари гул буд, килки мо пари гул буд,

Эй чу ғунча ноифшо, ҳам ту меравӣ, ҳам ман.

Ӯ аз ҳамсуруру ҳамдарди эшон будани мардуми Тоҷикистон изҳори сипос намуда, гуфт, “8 миллиард одами ҷаҳон хеши мост ва хештаринаш шумоед”.

 

“Падарам бе ягон мадрасае олим шуд”

Толиб Карими Озарахш, ки зодгоҳаш кӯҳсорони баланду обшорони Зарафшон аст, аз ёди деҳу кӯҳсор ва пайванду шурӯи фалсафаи зиндагӣ аз ин маъво гуфт:

Хандаам аз хуршед, ашкам аз борон аст,

Дилам аз нармии оташ, сарам аз сахтии санг

Ҷонам аз шишаи ҷӯборон аст.

Зодгоҳам деҳа, коргоҳам дар шаҳр

Ватанам шаҳри азимест, ё кӯҳи баланд,

Масканам дар сари сангест, ё домани баҳр,

Ман намедонам, агар ҳаст, Худо медонад.

Дар идома шоир фалсафаи ҳастиро боз ҳам ба ин деҳ мепайвандад ва сарчашмаи вуҷуди худро бо деҳу “сафедорони сабзи беқасаб” ва Зарафшону чашмаҳои он муттаҳид карда, дар поён аз падари чӯпонаш, падари 93-солааш, ки дар толор ҳузур дошт, васф намуд.

Падарам чӯпон буд, ки паи чӯпонӣ

Бе ягон мадрасае олим шуд.

Ман басо мадрасаҳоро гаштам, лек олим нашудам.

Ман пас аз мадраса чӯпон гаштам.

 

Се тори “Сетор”

Маҷмуаи “Сетор”-и Фарзона ва “Ба баҳонаи баҳорон”-и Озарахш, ки гулчини ғазалиёти шоирон буда, чанде пеш дар Эрон бо хати форсӣ ба дасти чоп расид, дар ин маҳфил рӯнамоӣ шуд. Фарзона дар шарҳи номи китоб ба пайванди халқҳои форсизабон ишора карда, чунин гуфт:

“Як тори “Сетор” бо оҳанги форсӣ мехонад, тори дуввум ба дарӣ ва тори севум тоҷикӣ, аммо ҳама торҳои як сеторанд”, - тавзеҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, маънии дигари “Сетор” бо вожаи зебои “ишқ” пайванд мегирад. Ӯ ишора кард, ки вожаи ишқ низ аз се ҳарф иборат аст ва дар мусаввараи китоб низ се булбул таҷассум шудааст.

“Ду булбул дар тори шоха нишаста, ки Шоҳонаву Шаҳнавози азизи ман аст ва як булбул, ки парвоз мекунад, Ҳумоюнҷон аст”, - ба фарзандонаш тамсили мусаввараи китобро пайванд дод Фарзона.

Озарахшу Фарзона дар идома аз ишқу муҳаббату ҷавонӣ суруданд ва силсилаи шеъру таронаҳои худро манзури ҳаводорон гардониданд.

Дили ман ҳаҷми аҷибе дорад,

Ки зи уқёнуси афлок бузург асту зи як арзан кам.

Дили ман мисли толори пазироист

Аз барои муҳаббати 8 миллиард одами олам, - андозаи дилашро таъбир мекард Фарзона.

Бе ҳамагон ба сар шавад, бе ту ба сар намешавад,

Доғи ту дорад ин дилам ҷойи дигар намешавад.

Дидаи ақл масти ту, чархаи чарх пасти ту,

Гӯши тараб ба дасти ту, бе ту ба сар намешавад, - таронаи дили ошиқонро месуруд Озарахш ва бо чунин байтҳо замзамаи ишқу муҳаббат идома меёфт.

 

“Корвонкашони шеъри имрӯз”

Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, вақте рӯйи саҳна барои муборакбодии ин ду шоир омад, Озарахшу Фарзона - ин “ҳамқисматонро мусофирони навандеш дар адабиёт” номид ва ашъори эшонро нигоштаи мӯшикофона хонд.

 

Муҳаммад Ғоиб

Ҳамчунин бо ишора ба мусибате, ки соле қабл ба сари эшон омада буд, гуфт, “азоби шоирӣ кам набуд, ки азоби дигаре дар зиндагӣ ба эшон ёр шуд”.

Ӯ бо ин гуфта чӣ қадр сангин будани кори эҷодро дубора таъкид кард:

Аз ҷоҳи ноумедӣ имдод мебарорад,

Маҳбусро зи маҳбас озод мебарорад.

Дасти ҳунар тавоност, аз ҳеҷ ҳарчи пайдост,

Аз мағзи ҷони оҳан фӯлод мебарорад.

 

Афзалшоҳи Шодӣ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ки солҳо инҷониб бо ин ду шоир ҳамкории эҷодӣ дорад, аз ёддоштҳои худ бо Озарахшу Фарзона ва устод Лоиқ ёд овард.

“Устод Лоиқ мегуфтанд, ки корвонкаши ояндаи шеъри мо ҳаминҳоянд ва имрӯз ҳамин тавр низ ҳаст”, - изҳор кард ин ҳунарманди тоҷик.

Ӯ аз ашъори ҳарду силсилатаронаҳо низ суруд.

Аз Фарзона:

Омаданам рафтан аст, рафтани ман омадан,

Байни ману арш ҳаст кашмакаши тан ба тан.

Ва аз Озарахш:

Ашк гавҳар мешавад дар дидаи гавҳаршинос,

Набзи ахтар метапад дар синаи ахтаршинос.

Ошиқ аз бўи шароби ишқ сархуш мешавад,

Қиммати соғар шиносад бо нафас соғаршинос.

Хайринисо Юсуфӣ, муовини пешини ҲХДТ, ки бо хонаводаи Озарахшу Фарзона пайванди хешӣ низ дорад, аз ин ду шоир чун пули васлгари фарҳангу тамаддуну адаби чандинҳазорсолаи мо бо тамаддуни маънавии ҷаҳонӣ ном бурда, ба пайкари эшон бақо ва бар ҷавҳарашон сафо таманно намуд.

 


Хосияти Зарафшонӣ, ҳунарпешаи тоҷик низ қудуми ин ҳардуро муборак хонда, аз эҷоди эшон таронаҳо суруд.

Ҳайфи мастии баҳор, ҳайфи хубии чаман,

На манам ошиқи кас, на касе ошиқи ман.

ва аз Озарахш:

Бехабарему меравад давраи беҳтаринамон

Ёди асалбаринамон, сӯҳбати шаккаринамон.

Озарахш дар ин фурсат илова кард, ки аввалин китоби ӯро маҳз Хосияти Зарафшонӣ нашр кардааст ва исмаш низ “Хосият” будааст.

Дар поёни маҳфил Озарахшу Фарзона аз бузургони илму адаби форсӣ, чун Мавлоно Румӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомиву Бедилу Камол, ки забони форсиро ба василаи эҷодашон ҷаҳонгир кардаанд ва шиносномаи миллати тоҷик низ ҳастанд, васф карданд ва изҳор доштанд, ки бидуни васфи забон, эҷод бо ин забон худ василаи тарғиби забон дар ҷаҳон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.