Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ба як ширкати хусусӣ дар шаҳри Балашихаи ин кишвар ба кор даъват кардааст.

Дар ин бора ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, аз ширкати хусусӣ “ТК-Спецхим”, ном бурдааст.

Манбаъ гуфтааст, корфармо ба муҳоҷирони меҳнатӣ вазифаҳои чинакчӣ, монтажчӣ ва коргарони умумиро пешниҳод мекунад.

Намояндагӣ гуфтааст, ки музди меҳнат аз 100 000 рубл боло мебошад. Ҳамчунин ҷойи хоб, хӯроки яквақтаина ва либоси корӣ аз ҷониби корфармо таъмин мегардад.

Ҷойи кор дар вилояти Маскав, шаҳри Балашиха, ноҳияи Гагарина, бинои 14, хонаи 9 будааст.

Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки шаҳрвандон дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) ба ин  ниҳод муроҷиат кунанд.

Даъвати намоянадагии вазорат аз муҳоҷирон барои кор дар Русия дар ҳолест, ки муҳоҷирон солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар ин кишвар дучор мешаванд. 

Ин фишорҳо махсусан, баъди ҳодисаи “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷирони кориро сахттар мекунад.

Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Вале тавре дида мешавад, ҳоло муваффақ нашудаанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.