Дар Тоҷикистон рухсатии музднок (декретӣ) барои мардон дар давраи таваллуди фарзанд бекор шуда, лекин ҳуқуқ ба рухсатии бемузд барои нигоҳубину тарбияи тифл боқӣ монд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Мувофиқи маълумоти Агентӣ ба дархости мо, моддаи 224-и пештар амалкунандаи Кодекси меҳнати Тоҷикистон, ки дар он дар сурати кор накардани модар, барои нигоҳубини кӯдак ба падар кумакпулӣ дода мешуд, бекор шуд. Манбаъ дар бораи кай ворид шудани тағйирот ба қонунгузорӣ маълумоти саҳеҳ пешниҳод накард.
Чунин тасмимро дар Агентӣ ба зарурати мутобиқ кардани Кодекси меҳнат ба қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ” шарҳ доданд, ки санади меъёрии соҳавӣ дар ин самт мебошад. Дар Агентӣ дар ин хусус дигар шарҳи муфассал надоданд.
Ҳуқуқи мардон ба рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак боқӣ монда, дар сурати мавҷуд будани шартҳои дахлдор, онҳо метавонанд онро ба расмият дароранд.
Чаро барои мардон рухсатии музднок ҳангоми таваллуди фарзанд пешбинӣ нашудааст?
Дар Агентӣ шарҳ доданд, ки мутобиқи бандаҳои 1 ва 3-и моддаи 90 Кодекси меҳнати Тоҷикистон, рухсатиҳои муздноки иҷтимоӣ бо ин сабабҳо дода мешаванд:
- ҳомиладорӣ ва таваллуд;
- нигоҳубини кӯдак;
- таҳсил (рухсатии омӯзишӣ);
- фаъолияти эҷодӣ.
Тавре ки дар Агентӣ зикр карданд, рухсатӣ барои таваллуд ва нигоҳубини тифл, инчунин кумакпулии дахлдор танҳо ба занҳо, ки дар ҷараёни таваллуд бевосита (ҷисман) иштирок мекунанд, дода мешавад. Мардон, ки дар ин ҷараёни тағйирти ҷисмонии марбут ба ҳомиладорӣ ва таваллуд бевосита иштирок намекунанд, наметавонанд чунин кумакпулӣ гиранд.

Аммо ба мардон гирифтани рухсатии бемузд барои нигоҳубини кӯдак ё дар мувофиқа бо корфармо истифодаи рухсатии ҳарсолаи музднок дар робита ба таваллуди кӯдак иҷоза дода мешавад.
Ғайр аз ин, мутобиқи қонунгузории амалкунанда, ҳангоми таваллуди кӯдак кумакпулӣ дар ҷойи кори яке аз волидон пардохт шуда, вале агар ҳарду волидон кор ё таҳсил накунанд, аз ҷониби шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат дар ҷойи зист пардохт мешавад.
“Мардон ин ҳуқуқро хеле кам истифода мебурданд”
Қаблан мувофиқи Кодекси меҳнати Тоҷикистон, ки соли 1997 қабул шудааст, мардон ба гирифтани рухсатии давраи таваллуди фарзанд (декретӣ) ҳам дар давраи ҳомиладории ҳамсар ва пас аз таваллуди кӯдак ҳуқуқ доштанд.
Ҷомеашиноси тоҷик ва мушовир оид ба масоили гендерӣ Маргарита Хегай қаблан ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки ин ҳуқуқро мардон хеле кам истифода мебурданд. Сабаби ин ба гуфтаи ӯ, тасаввурот ва қолабҳои устувори иҷтимоӣ мебошанд, ки мувофиқи онҳо, нигоҳубини кӯдак вазифаи танҳо занон ба ҳисоб меравад.
“Мардон дар Тоҷикистон ба рухсатӣ дар давраи таваллуди фарзанд ҳуқуқ доштанд, лекин дар амал он қариб ки истифода намешуд. Ба ин нигоҳҳои анъанавӣ ба нақши оила ва назари ҷомеа ба ин масъала таъсир мерасонид. Дарвоқеъ бошад, мардон ба ин гуна рухсатиҳо хеле кам мерафтанд ва инро метавон ба мавҷуд набудани фарҳанги дахлдор ва огаҳии кам нисбат дод”, - шарҳ дода буд коршинос.
Маргаритта Хегай муҳиммияти тағйирот дар қабули ҷомеаро таъкид дошт: масъулияти нигоҳубини кӯдак бояд байни волидон тақсим карда шавад.
Ба ақидаи ӯ, иштироки бештар фаъоли мардон дар рухсатии давраи таваллуд ба пешбурди баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани фаъолмандии кории занон, бахусус дар оилаҳое, ки занон зиёдтар пул кор мекунанд, мусоидат мекунад.
Коршинос ҳамчунин зикр кард, ки дар давоми таҷрибаи кориаш бо омори расмии ба рухсатии нигоҳубини кӯдак баромадан миёни мардон ва занон вонахӯрдааст. Ғайр аз ин, ин, ба ӯ доир ба ягон ҳолати сабтшуда дар Тоҷикистон, ки мард дарвоқеъ аз ҳуқуқи истифодаи рухсатии давраи таваллуд ва нигоҳубини кӯдак истифода бурдааст, маълум нест.

Дар робита ба занон чӣ?
Дар посухи Агентӣ ҳамчунин муқаррароти қонунгузории марбут ба занон дар давраи ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдак шарҳ дода шудааст.
Мувофиқи Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ, ки бо қарори ҳукумати ҶТ аз 14 октябри соли 2014, №630 тасдиқ шудааст, зан ба рухсатӣ ва кумакпулиҳои зерин ҳуқуқ дорад:
- кумакпулӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд барои 140 рӯзи тақвимӣ пардохт мешавад;
- дар сурати таваллуди душвор - барои 156 рӯзи тақвимӣ;
- ҳангоми таваллуди ду ё бештар аз он кӯдак - барои 180 рӯзи тақвимӣ.
Дар робита ба рухсатӣ барои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, инчунин нигоҳубини кӯдак то 3-солагӣ бошад, давомнокии он ба пардохти якдафъаинаи кумакпулӣ таъсир намерасонад, зеро он барои ҳамаи муҳлат якбора дода мешавад.
Корфармо ба рад кардани рухсатӣ ба зан дар ҳолатҳои зерини маҳдуд ва қатъиян аз ҷониби қонунгузорӣ муқарраршуда ҳуқуқ дорад:
- агар зан дар замони пешниҳоди рухсатӣ кор намекард;
- аз вазифааш барканор шуда буд;
- аллакай дар рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак буд;
- агар зан то анҷоми рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба кор баромада бошад;
Дар сурати рад кардан бо дигар сабабҳое, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудаанд, зан метавонад ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҷойи қайди корфармо муроҷиат кунад.

Ҳаҷми кумакпулиҳо ҳангоми таваллуди кӯдак
Мувофиқи қонунгузорӣ, зан дар робита ба таваллуди кӯдак метавонад кумакпулии якдафъаина гирад, ки ба маблағҳои зерин таъин карда мешавад:
- ҳангоми таваллуди фарзанди якум – се нишондиҳанда барои ҳисоб (225 сомонӣ);
- фарзанди дуюм – ду нишондиҳанда барои ҳисоб (150 сомонӣ);
- се ва зиёда аз он – як нишондиҳанда барои ҳисоб (75 сомонӣ).
Агар ду ё зиёда аз он кӯдакон таваллуд шаванд, кумакпулӣ ба ҳар кадоме аз кӯдакон бо назардошти навбат таъин карда мешавад.
Лекин агар кӯдак мурда таваллуд шавад, кумакпулӣ таъин карда намешавад.
Ба волидон (шахсони суғурташуда)-и коргар ҳамаи кумакпулиҳои дар боло зикршуда аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон пардохт карда мешаванд.





