Корхонаи “Обу корези Душанбе” дар пайи нашри матлаби “Азия-Плюс” дар робита ба бартараф нашудани мушкили қатъи об ва фишори пасти он дар бархе хонаҳои сокинони Душанбе, вуҷуди фишори пасти оби ошомиданиро тасдиқ кард ва далели онро шарҳ дод.
Аз ин ниҳод гуфтанд, сабаби аслии ин ҳолат "аз таҳхонаи биноҳо ғайриқонунӣ ба берун кашидани об бе истифодаи обҳисобкунак мебошад”.
Масъулини шаҳрдории Душанбе рӯзи 25-уми июл дар нишасти хабарӣ ваъда доданд, ки то охири моҳи июл мушкили қатъи оби ошомиданӣ ва фишори пасти он дар баъзе минтақаҳои пойтахт бартараф мешавад. Баъди беш аз даҳ рӯзи ин "ваъда", "Азия-Плюс” миёни сокинони пойтахт пурсиш гузаронид ва маълум шуд, ки то ҳол мушкили қатъи об ва фишори пасти он бартараф нашудааст. Дар робита ба ин матлабе бо унвони "Шаҳрдории Душанбе ваъда дод, ки охири моҳи июл мушкили қатъи об ва фишори пасти он ҳал мешавад. Оё бартараф шуд?" нашр кард.

Баъди нашри ин матлаб, масъулини робита бо ҷомеаи корхонаи “Обу корези Душанбе” ба "Азия-Плюс" муроҷиат карданд ва тасдиқ карданд, ки воқеан “рӯзҳои охир дар баъзе минтақаҳои пойтахт паст шудани фишори об мушоҳида мешавад”.
Масъулин ин ниҳод сабаби аслии ин ҳолатро “аз таҳхонаи биноҳо ғайриқонунӣ ба берун кашидани об барои шустани мошин, об задани ҳавлии биноҳо ва қолиншӯйӣ” унвон карданд ва гуфтанд, маҳз ин чиз “боиси паст шудани фишори об дар дигар манзилҳо мегардад”.
Аммо нагуфтанд, ки сабаби қатъи об дар баъзе минтақаҳои пойтахт чӣ аст ва чаро он то ҳол бартараф нашудааст.
Ба қавли манбаъ, корхона барои пешгирӣ ва бартараф кардани истифодаи ғайриқонунии об “бо ҷиддият кор мекунад”, то дар ҳамаи хонаҳои пойтахт оби нӯшокӣ бо фишори лозимӣ таъмин шавад.
Аз ин ниҳод афзуданд, “об аз истгоҳҳои обтаъминкунӣ бо фишори баланд то назди хонаҳои онҳо мерасад” ва “истифодаи оқилонаи худи аҳолӣ кафолати таъмини онҳо бо об аст”.
Масъалаи қатъи оби ошомиданӣ ва ё фишори пасти он дар биноҳо, махсусан баландошёнаҳо яке аз мушкилиҳои асосии пойтахт аст, ки қариб ҳамарӯза аҳолӣ аз он шикоят мекунанд. Мақомот сабаби онро ба талафи беҳудаи об аз сӯи аҳолӣ, мушкили қубрҳои дохили хонаи аҳолӣ ва корҳои таъмиру сохтмонӣ рабт медиҳанд, вале сокинон мегӯянд, мушкил дар саргаҳ аст, ки об бо фишори паст меояд.
Зимнан, Баҳром Саидзода, роҳбари КВД “Обу корези Душанбе” дар нишасти хабарии охири шаҳрдорӣ гуфта буд, сабаби қатъи об ва фишори пасти он дар пойтахт “корҳои васл ва пайвасткунии қубурҳои нави обгузар мебошад”.
Ӯ гуфта буд, корҳо қариб ба анҷом расидааст ва интизор меравад, мушкил то охири моҳ (моҳи июл дар назар аст-аз идора) ҳалли худро ёбад.
Аммо то имрӯз сокинони пойтахт дар робита ба ин мушкил шикоят мекунанд ва дақиқ маълум нест, ки мушкил кай ҳалли худро меёбад.





Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста