Истифодаи номвожаҳои ғайритоҷикӣ дар мағозаву қаҳвахона, ошхона, кошонаҳои ҳусн ва шиору овезаҳои марказҳои хидматрасонии шаҳри Душанбе ҳамоно маъмул боқӣ мемонад. Бо вуҷуди он ки дар баъзе навиштаҷот забони тоҷикӣ истифода шудааст, забонҳои дигар, аз ҷумла русиву англисӣ ва ё туркӣ нисбат ба тоҷикӣ бартарият доранд ва дар матнҳои тоҷикии мавҷуда низ хатоҳои услубиву грамматикӣ кам нестанд. Ин ҳама аз риоя нашудани қонун дар бораи забони давлатӣ ва бидуни назорат мондани он гувоҳӣ медиҳад.
40 бар 60. Аммо бар зарари забони давлатӣ!
“Азия-Плюс” навиштаҷот ва номвожаҳои яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе - хиёбони Садриддин Айнӣ (аз маркази савдои “Садбарг” то гардиши фурудгоҳ) - ро аз назар гузаронида, таҳлил кард.
Тибқи ҳисоби мо аз маркази савдои “Садбарг” то гардиши фурудгоҳ, дар ду паҳлӯи роҳ дар умум беш аз 230 навиштаҷот мавҷуд буда, танҳо дар 95-тои он забони тоҷикӣ истифода ва меъёр нисбатан риоя шудааст, ки ин ҳудуди 40 дарсад аз ҳисоби умумиро ташкил медиҳад.
Дар 30 навиштаҷот, ки 13 дарсадро фаро мегирад, истифодаи забони тоҷикӣ ба назар мерасад, аммо ба талабот ҷавобгӯ нест, яъне ё дар навиштаҷот хатои имлоӣ ва услубӣ мушоҳида мешавад ва ё бартарият ба забонҳои хориҷӣ дода шуда, забони тоҷикӣ назарногир ба чашм ноаён аст.
Дар 90 навиштаҷоти дигар, ки тақрибан 40 дарсадро фаро мегирад, забони тоҷикӣ тамоман истифода нашудааст.
Тақрибан 15 навиштаҷоти дигар бошад, номи ширкатҳо ё “бренд”-ҳои байналмилалиро ташкил медиҳад, ки қариб 6% аз ҳисоби умумӣ аст.

Риоя нашудани меъёри забони тоҷикӣ ва талаботи қонун дар бораи забони давлатӣ дар овезаю лавҳаҳои кӯчаҳои пойтахт Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро низ ба ташвиш овардааст. Ӯ чанде пеш дар саҳифаи фейсбукиаш аз риоя нашудани қонуни забони давлатӣ дар овезаю лавҳаҳои кӯчаҳои шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, айнан навиштаҷоти кӯчаеро, ки мо таҳлил кардем, мисол оварда буд.
“Дар як тарафи кӯчаи Айнии пойтахт, дар тӯли ду истгоҳ 145 овезаю лавҳаро ҳисоб кардам, ки ҳамагӣ 44-тои он ба забону хати тоҷикӣ буд. Боқимонда – бештараш ба забони англисӣ (хати лотинӣ), ягон 10-тояш ба забони русӣ”, - таъкид намудааст ӯ.
Паёмади беэҳтиромӣ ба забони давлатӣ чӣ аст?
Бояд гуфт, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” бояд тамоми навиштаҷоти биноҳо ва лавҳаю овезаҳо дар кишвар ба забони тоҷикӣ бошад.
“Ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ навишта мешаванд”, – омадааст дар банди 2-и моддаи 18-и қонуни мазкур.
Барои риоя накардани талаботи Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мувофиқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Ҳаҷми ҷарима барои шахсони воқеӣ дар соли 2025 аз 1 125 то 1 500 сомонӣ ва барои шахсони мансабдор аз 2 ҳазору 250 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аммо чаро талаботи қонун риоя намешавад?
Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи номгузорӣ ва танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳот, ки як масъули назорати риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” аст, ба “Азия-Плюс” гуфт, Кумита моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар чор ноҳияи пойтахт санҷиш гузаронида, беш аз 1500 номгӯ навиштаҷоти мағоза, ошхона, тарабхона ва шиору овезаҳои ғалатро ошкор ва аксбардориву нусхабардорӣ карда, ба мақомоти ноҳияҳо барои ислоҳ ирсол кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, барои бартараф кардани камбуд ба онҳо як моҳ муҳлат дода шуд ва соҳибкорон уҳдадор шудаанд, ки аз матни навиштаҷот сар карда, то навиштаҷоти матни коргузорӣ ва муҳру тамғаи корхонаашон ба Кумита маълумотнома фиристанд.

Раҳим Зулфониён гуфт, Кумита дар асоси маълумотномаи ирсолкардаи онҳо бознигарӣ мекунад, ки оё маълумоти пешниҳодкарда воқеист ё на. Ба қавли ӯ, агар вазъ ислоҳ нашуда бошад, санад бе иштирок ва имзои худи соҳибкорон, танҳо бо имзои ду шахси холис ба парванда табдил дода шуда, ба додситонӣ ирсол мегардад. Додситонӣ бошад, баъди баррасӣ парвандаро ба Додгоҳ мефиристад ва ин ниҳод ҷаримаҳоро таъин мекунад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо гузашти ду моҳ аз замоне ки Кумита барои ислоҳ муҳлат додааст, ба назар мерасад, ки вазъ ҳанӯз ислоҳ нашудааст. Зеро мушоҳидаҳои батакрори мо собит кард, ки дар хиёбони Айнӣ вазъ қариб ки тағйир наёфтааст.
“Соҳибкор ҳуқуқ надорад аз доираи истилоҳоти Кумита пешниҳодкарда берун барояд”
Дар нишасти матбуотии охир аз Кумитаи забон ва истилоҳот гуфтанд, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 266 адад матни навиштаҷоту ангораҳо, шиору овезаҳо ва матнҳои таблиғотӣ тибқи муроҷиати муассисаи рекламавӣ дар Кумита баррасӣ шудааст.
Ба иттилои Раҳим Зулфониён, тамоми шиору овезаҳое, ки аз ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе назорату роҳандозӣ мешавад, аз ҷониби Кумита низ баррасӣ мешавад.
Ба қавли ӯ, соҳибкор ҳуқуқ надорад, ки аз доираи истилоҳот ё ҷумлаҳое, ки Кумита дар хулосааш пешниҳод кардааст, берун барояд.
“Масалан, матни “Кока-кола” ё “Горилла”, ки ворид мешавад, аз чанд саҳифа иборат аст. Кумита гунаи тоҷикӣ ва дурусти тамоми истилоҳоти бегона ё ғаритоҷикиро пешниҳод мекунад”, - мегӯяд Зулфониён.
Ба қавли ӯ, соҳибкоронро зарур аст, ки аз истилоҳоте, ки Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод кардааст, истифода кунад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин меъёр риоя намешавад.
Чанд нафар ҷарима шуд?
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки масъулини ин Кумита аз санҷишу ҷарима хабар медиҳанд. Пештар низ чандин нафар барои риоя накардани меёъри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ҷарима шуда буданд.
Соли гузашта дар нишасти хабарии ин Кумита зикр шуда буд, ки давоми соли 2023 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи ин қонун 35 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, нисбат ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда ба андозаи 30 ҳазору 684 сомонӣ ҷарима таъйин ва аз ин маблағ 26 ҳазору 604 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуда буд.
Соли 2022 бошад, 78 парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ алайҳи соҳибкорон-моликони мағозаву фурӯшгоҳҳо ва марказҳои хидматрасонӣ ва савдо боз шуда буд, ки гуфта мешуд, 62 ҳазору 254 сомонӣ ба буҷеи давлат рӯёнида шуда, беш аз 5,5 ҳазор сомонии дигар дар ҳоли рӯёндан аст.
Аммо дар нишасти матбаотии ахир аз овардани омори ҷаримашудагон худдорӣ карданд.
Ин падида чӣ хатар дорад?
Бо вуҷуди ин забоншиносон бар ин назаранд, ки ҷарима роҳи ҳал нест, танҳо яке аз роҳҳои таъсиррасонии маҷбурист, аммо метавон шахсонеро, ки бегонапарастӣ мекунанд, бо ин роҳҳо барои эҳтироми забони модариашон водор кард.
Сайфиддин Назарзода, забоншиноси тоҷик ва директори пешини Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфт, ин падида ба забони модарӣ хатари ҷиддӣ дорад. Ба андешаи ӯ, худи номгузории муассисаҳову корхонаҳо як навъ таблиғи забон аст ва агар ба забони тоҷикӣ сурат гирад, ин худ таблиғи забони давлатӣ мешавад.
“Агар шумораи номвожаҳои ғайритоҷикӣ аз шумораи вожаҳои асили забон зиёд шавад, забон дар ҳолати таҳаввул қарор мегирад ва зери таъсири ангезаҳои сиёсиву иқтисодиву бозаргонии забонҳои бегона ва давлатҳои бегона қарор мегирад”, - тавзеҳ медиҳад Назарзода.
Раҳим Зулфониён аз комиссияи татбиқи Қонун “Дар бораи забони давлатӣ”-и чор ноҳияи пойтахт гила дорад, ки “шаҳрро мисли Амрикову Туркия оро додаанд”.
“Аҳволи арҷгузорӣ ба забон аз тарафи мақомот ҳамин бошад, яқин 10 сол пас ба забони ноби асил муҳтоҷ хоҳем шуд”, - аз хатари ин падида ҳушдор медиҳад забоншинос.
Ба андешаи ӯ, яке аз иллатҳои асосии ин падида арҷ нагузоштан ба забони модарӣ аст.

“Имрӯз дар номгузории муассисаҳо, махсусан муассисаҳои тиҷоратӣ мардум ба унсурҳои бегона бештар мароқ зоҳир мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳатто номи фарзандонашонро ҳам аз унсурҳои бегона интихоб кунанд”, - афзуд Сайфиддин Назарзода.
“Сангарҳо бояд шикаста шаванд”
Бо вуҷуди баҳсҳои доманадори зиёиён аз хатари беэҳтиромӣ нисбат ба забони тоҷикӣ ва нигарониҳои онҳо ба назар мерасад, ки рӯз то рӯз тақлид ба номвожаҳои ғайр зиёд мешавад. Забоншиносон роҳҳои зиёди мубориза бо ин падидаро пешниҳод менамоянд.
Ба андешаи Сайфиддин Назаразода, яке аз роҳҳалҳо таъсиррасонии давлатӣ аст, яъне фаъолияти мутаассири сиёсати давлатӣ оид ба забони давлатӣ. Аммо “мутаассифона ин ҳанӯз дуруст ба роҳ монда нашудааст ва яке аз иллатҳои асосӣ дар санадҳои меъёрию қонунгузории Тоҷикистон аст”.

Назарзода мегӯяд, агар дар ҳамон сатҳ пеши роҳи номгузорӣ бо забону хати ғайр гирифта шавад, ин мушкил зуд ҳалли худро меёбад.
Аммо ин забоншинос ба ҳалли мушкили забон хушбин аст ва мегӯяд, ин падида муваққатист.
“Мо дар баробари забони давлатӣ чӣ қадар мушкилиҳои вазнин доштем, ки паси сар шуд. Замоне мегуфтанд, ки забони тоҷикӣ дар низоми молия ва бонкӣ, низоми қудратӣ ғайри қобили истифода аст. Лекин имрӯз истифода мешавад ва муваффақона. Бинобар ин, сангарҳо бояд шикаста шаванд, бегонапарастиро кам кунем ва бештар ба асолати миллии худ рӯ оварем”, - изҳор кард забоншинос.
Ӯ гуфт, бо вуҷуди ҳанӯз мавҷуд будани иллатҳо, забони тоҷикӣ ба асли худ бармегардад ва боварии комил дорад, ки ин мушкил на якбора, балки зина ба зина ҳалли худро меёбад.
Навиштаҷот бо забони ғайр иҷозат аст?
Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” ба баъзе муассисаву ташкилотҳо иҷозат додааст, ки аз забонҳои дигар низ истифода баранд. Аммо он талаботи худро дорад. Мувофиқи моддаи 23-и қонун, “фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои хориҷии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ ба забони давлатӣ, забонҳои расмии кишварҳои қарордошта ва созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ сурат мегирад.”
Яъне ин ташкилот иҷоза доранд, ки аз забони ғайритоҷикӣ низ истифода кунанд, вале боз ҳам таъкид мешавад, ки забони давлатӣ дар мадди аввал аст.
Дар Тоҷикистон ба хотири рушд додани соҳаи сайёҳӣ кӯшиш мекунанд, ки дар маконҳои сайёҳӣ се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ истифода бурда шавад. Аммо чуноне дар пойтахт мушоҳида мешавад, аксари соҳибкорону шахсони ҳуқуқӣ ба талаботи забони давлатӣ аҳамият надода, забонҳои русиву англисӣ, ҳатто фаронсавиву итолиёвиро тарҷеҳ медиҳанд, аммо дар баробари он, аз забони тоҷикӣ истифода намекунанд, ки талаботи қонун аст.
Дар кишварҳои ҳамсоя ҳам аз забони ғайридавлатӣ ва мақоми байналмилалидошта истифода мешавад, аммо дар баробари забони давлатӣ. Яъне дар аксар ҷойҳо номвожаҳо аввал ба забони давлатӣ ва дар паҳлӯи он бо забонҳои мақоми байналмилалидошта ва ё ҳар забони дигар навишта мешавад. Ин пеш аз ҳама риояи меъёри қонун ва баъдан, эҳтиром ба забони давлатӣ аст, ки мутаассифона дар Тоҷикистон ба таври шояд ба назар намерасад.







Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста