Мунира Шаҳидӣ, шарқшинос, санъатшинос ва фарзанди оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ахиран китобе бо унвони “Иртиботи байнифарҳангии Шарқу Ғарб дар асри XXI” интишор намуд. Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” пиромуни дарунмоя ва аҳаммияти ин китоб, рӯнамоии он дар Кембриҷу Берлин ва Бокув, таваҷҷуҳ ба санъату китоб дар Тоҷикистон гуфт.

Мунира Шаҳидӣ, ки солҳо инҷониб ба омӯзиш ва қиёси адабиёт ва фарҳанги Шарқу Ғарб машғул аст, дар ин китоб дар бораи афкори адабӣ ва манзалати тоҷикон ҳамчун халқи фарҳангӣ ва адабӣ нигоштааст.

“Ман нишон додам, ки дар Тоҷикистон бо забони Хайёму Ҳофиз, Фирдавсию Мавлоно барин шоирони бузурги классики мо, ки дар Ғарб низ шинохтаву эътироф шудаанд, ҳарф мезананд ва ба ин васила манзалати нави халқи тоҷикон дар назди ҷаҳониён муаррифӣ мешавад” - мегӯяд адабиётшинос.

 

Чопи китоб дар Норвеж

Ба нақли Мунира Шаҳидӣ, вақте китобаш барои нашр омода шуд, барои интишор маблағ надошт, вале "рӯзе дар Осорхонаи фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ду эронӣ ворид шуданд. Хоҳиш карданд, ки дар бораи ҳамкориҳои эҷодии устод Лоҳутӣ  ва Шаҳидӣ нақл кунам. Нақл кардам ва гуфтам, ки ҳамин қиссаҳо дар китоби ман омада, вале барои чопаш  ҳанӯз имкон фароҳам нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин ду эронӣ аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки барои нашри китоб иҷоза диҳад ва маблағе ҳам талаб накардаанд. Охири соли 2024 китоб дар шаҳри Ослои Норвеж бо ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ нашр шуд.

Мунира Шаҳидӣ
Акс аз Мунира Шаҳидӣ пешниҳод шудааст.

Мунира Шаҳидӣ мегӯяд, китоб аз ҷониби шабакаи байналмилалии “Амазон”, ки ба хариду фурӯши китоб тахассус дода шудааст, харидорӣ шуда, дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ паҳн гардид.

Ба гуфтаи ӯ, ин шабака Тоҷикистонро фаро намегирад ва даҳ китоб аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон харидорӣ ва ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Ба андешаи Мунира Шаҳидӣ, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба Осиёи Марказӣ, хусусан, Тоҷикистон зиёд буда, бояд аз ин фурсат истифода ва барои муаррифии иқтидори Тоҷикистон ба ҷаҳон талош кард.

“Дар он сурат ҳам сармоягузорӣ зиёд ва ҳам ба фарҳангу театр таваҷҷуҳ бештар мешавад”, - мегӯяд ӯ.

 

Рӯнамоӣ дар Кембриҷу Берлину Боку…

Китоби Мунира Шаҳидӣ, ба қавли ӯ, то имрӯз дар чанд кишвари аврупоӣ рӯнамоӣ шудааст.

Аввали соли ҷорӣ Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ӯро барои иштирок дар ҳамоише ба Боку фиристод ва ӯ дар суханронии худ вобаста ба нуктаҳои муҳими китобаш гуфтааст.

Баъди суханронӣ роҳбари маркази тадқиқоти фарҳангии Озарбойҷон аз ӯ даъват намудааст, ки дар ин марказ китобашро рӯнамоӣ кунад.

“Бо ҳамин аввалин рӯнамоии китобам доир шуд, ки он ҳам дар Боку буд”, - мегӯяд Шаҳидӣ.

Ба қавли ӯ, азбаски китоб бо забони англисӣ низ нашр гардид, зуд дар донишгоҳҳои бонуфуз паҳн шуд. Мунира Шаҳидӣ баъди чанде ба донишгоҳи Кембриҷ барои муаррифии китоб даъват мешавад.

“Ман 4 моҳ дар Кембриҷ зиндагӣ кардам ва  китобам се маротиба дар коллеҷҳои мухталифи ин донишгоҳ рӯнамоӣ шуд. Донишҷӯёни ин донишгоҳ фаҳмиданд, ки шарқшиносони Британия яке аз аввалин мутарҷимони осори Хайёму Ҳофиз ва Фирдавсию Мавлоно ба забони англисӣ мебошанд”, - мегӯяд Шаҳидӣ.

Аммо аз рӯйи мушоҳидаҳои ӯ, таҳаввули афкори ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби онҳо чандон эътироф ва шинохта нашудааст.

“Ба таври умум медонанд, ки мо бо забони Хайёму Ҳофиз суҳбат мекунем, аммо манзалати ин дар сатҳи байналмилалӣ ҳанӯз шинохта нашудааст. Бинобар ин, донишҷӯён суҳбати маро гӯш мекарданд ва Тоҷикистонро аз зовияи дигар кашф намуданд ”, - мегӯяд ӯ.

Мунира Шаҳидӣ бо Мутлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон
Акс аз Мунира Шаҳидӣ пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, донишмандони Кембриҷ дубора барои нашри китоб дар Норвеж фармоиш додаанд.

Мунира Шаҳидӣ баъдан китобашро дар донишгоҳҳои Берлин, Прага, Лондон ва Самарқанд низ рӯнамоӣ мекунад, аммо то ҳол ин китоб дар Тоҷикистон рӯнамоӣ нашудааст.

 

“Классикони тоҷик кам омӯхта мешаванд”

Мунира Шаҳидӣ шиква дорад, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба осори адибони классики форсу тоҷик камранг аст.

Ӯ аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, дар Тоҷикистон барои таҳаммули шеъри классикӣ кам таваҷҷуҳ мешавад.

“Дар барномаҳои донишгоҳӣ шоирони классикро кам меомӯзанд. Агар дар барномаҳои мактабу донишгоҳ осори классикон бештар ворид шавад, суҳбат чӣ тавр ширин  ва рафтори мардум беҳтар мешуд. Чунки фалсафаи масалан, Мавлоно як ҷаҳон ганҷ аст”, - изҳор медорад ӯ.

 

“Сурудҳои падарам имрӯз тамоман садо намедиҳанд”

Адабиётшинос дар ин баробар аз кам шудани таваҷҷуҳи мардум ба китобхонӣ гила дорад. Ба назари ӯ, ворид намудани соатҳои бештар дар барномаҳои мактабиву донишгоҳӣ ва барномаҳои радиову телевизион метавонад яке аз василаҳои таблиғи китобхонӣ бошад.

“Тамошобини телевизион мехоҳад як чизи нав бинад. Барномаҳо ҳама қолабианд. Барномаҳои зинда, ба мисли гуфтугӯ дар бораи ин ё он донишманд ва ё шоиру нависанда ё композитор, шеърхонӣ ва таҳлили он дар телевизионҳо дида намешавад”, - мегӯяд ӯ.

Акс аз Мунира Шаҳидӣ пешниҳод шудааст.

Мунира Шаҳидӣ гила дорад, ки имрӯз дар кишвар санъати академикӣ тамоман нест шудааст.

“Сурудҳои падарам Зиёдулло Шаҳидӣ имрӯз на дар радио, на дар телевизион садо намедиҳанд. Ҳол он ки таронаҳои “Ватан, ватан”, “Ситораи ман”, “Хонаи мо”, “Қишлоқи шумо” чӣ қадар машҳур буданд”, - мегӯяд ӯ.

Ба нақли Шаҳидӣ, барои густариши равобити байнифарҳангӣ Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидиро таъсис додааст ва ин бунёд узви Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди раисҷумҳур аст. Ӯ мегӯяд, дар ҳар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ин бунёд масоили фарҳангӣ ва равобити байнифарҳангиро ба миён мегузорад.

“Санъати халқи тоҷик бузург аст, лекин ҷаҳон нашнохтааст. Мо бо Эрону Афғонистон бояд бештар робита барқарор кунем ва иқтидори худро ба ҷаҳон паҳн кунем”, – мегӯяд донишманди тоҷик дар поёни суҳбат.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.