Имрӯз, 16-уми сентябр ба мақсади бунёди фазои синамоӣ ва рушди синамои миллӣ киностудияи “Довфилм” бо ширкати “Оила ТВ”  шартномаи ҳамкории стратегӣ ба имзо расонид. Минбаъд аксари филмҳои “Довфилм” дар замимаи “Оила ТВ” ҷой ва намоиш дода мешавад.

Муҳиддини Музаффар, директори “Довфилм” гуфт, замимаҳои онлайнӣ дар баробари рушди интернет абар кинотеатрҳо дастболо шуд ва ин барои рушди соҳаи кино замина ҳам шуд.

“Албатта, ин рушди бозори кинотеатрҳоро халалдор кард, вале барои дастрас шудани филмҳо, ин замимаҳо хизмати бисёр бузург карданд. Имрӯз дар дунё замимаҳои зиёда пайдо шуд, ки сабабгори тамоман ба дигар сатҳ ва сифат баромадани силсилафилмҳо шуд”, - гуфт ӯ.

Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз, баъди имзои шартнома баргузор шуд, Муҳиддини Музаффар гуфт, "мушкилоти мо на сохтани филм, балки фурухтани он буд".

“Таҷрибаи талхи 15 солаи мо бо сохтани филмҳоямон ҳамин буд, ки  мо ҳеҷ гоҳ замимаи ягона надоштем, ҳамеша дасткутоҳ будем. Ман 15 сол аст, ки интизори чунин як шабака, як платформа будам, ки филмҳои миллӣ дар он ҷо ҷо шавад ва аз  ҷониби тамошобинон пардохт шавад”, - гуфт ӯ.

Муҳиддин Музаффар
Акс аз муаллиф

Фахриддин Файзиев, директори ширкати “Оила ТВ” гуфт, ҳамкории “Довфилм” ва ширкати “Оила ТВ” натанҳо дар замимаи онлайнии худ намоиш додани филмҳои “Довфилм”-ро дар бар мегирад, балки дар самти истеҳсоли филмҳои нави ҳунарӣ, аз ҷумла силсилафилмҳо сармоягузорӣ кардан аст.

Ба гуфтаи вай, “чунин ҳамкории муштарак имкон медиҳад, ки бозори филмсозиву муҳити синамоӣ гарм шуда, дар саҳифаҳои шабакаи интернет филмҳои сифатан нави ҳирфавии миллӣ намоиш дода шавад”.

“Дар навбати худ мардум аз фарҳанги истифодаи замимаҳои онлайнӣ бархурдор гардида, тавассути обунаи пулакӣ ҳақи маҳсулоти аудиовизуалиро пардохт намоянд”,- гуфт ӯ.

Ба иттилои номбурд, истифодаи як рӯз аз ин замима 1 сомонию 30 дирам ва дар як моҳ ҳамагӣ 25 сомонӣ мебошад.

“Оила ТВ” соли 2018 таъсис ёфта, як замимаи мобилие аст, ки бо инетрнет пайваст аст ва тавассути он метавон филму силсилафилмҳоро тамошо кард.

Киностудияи “Довфилм” соли 2023 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта, то имрӯз филмҳои ҳунарии “Моҳӣ дар шаст”, “Блогер”, “Ҷосус”-ро таҳия намудааст.

Филми шуҳратёри “Дов” ки дар 33 кинофестивал иштирок намуда, соҳиби 25 ҷоиза гардид, созандагони филмро илҳом бахшид, ки ба ҳамин ном киностудияи “Довфилм”-ро таъсис диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.