Дар радабандии ҷаҳонии Шохис (индекс)-и навоварӣ (инноватсиони) дар соли 2025 Тоҷикистон миёни 139 кишвар дар зинаи 108-ум қарор гирифтааст. Ин радабандӣ аз сӯи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ таҳия шуда, Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта як зина поин фаромадааст.
Мақоми нисбатан баландро дар ин радабандӣ миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Эстония (зинаи 16-ум) касб кардааст.
Ба панҷгонаи беҳтарин чунин кишварҳо шомил шудаанд:
- Литва (33-юм);
- Латвия (41-ум);
- Гурҷистон (56-ум);
- Арманистон (59-ум);
- Русия (60-ум).
Баъд аз ин, Украина (66-ум), Молдова (74-ум), Ӯзбекистон (79-ум), Қазоқистон (81-ум), Беларус (85-ум), Озарбойҷон (94-ум) ва Қирғизистон (96-ум) ҷойгир шудаанд. Туркманистон дар радабандӣ зикр нашудааст.
Зинаҳои аввали радабандиро Швейтсария, Шветсия, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва Сингапур касб карда, бори нахуст Британияи Кабир, Финландия, Ҳоланд, Дания ва Чин ба даҳгонаи пешсафон дохил шудаанд.
Зинаҳои охирро Конго, Ангола ва Нигер (139-ум) касб кардаанд.
Навоварӣ ё инноватсия - ғоя (идея), тарзу усул ё технолгияҳои нав аст, ки барои ҳалли мушкилот кумак карда, барои ҳали беҳтару тезтари он чизи наве мефорад. Масалан, таҳияи дастгоҳи нав, беҳбуди ҷараёни кор ё ҷорисозии тарзҳои нави муошират, ин ҳама навоварӣ аст. Онҳо ба рушди кишвар, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва пурсамар гардонидани кор ёрӣ мерасонанд.
Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки пешгӯиҳо дар соҳаи навовариро сустшавии суръати сармоягузорӣ ба фаъолияти навоварона манфӣ месозад.
Барои арзёбии натиҷаҳо дар соҳаи инноватсияҳо муаллифони Шохиси ҷаҳонии инноватсионӣ аз ҳудуди 80 нишондиҳанда бо шумули хароҷот ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ, ҳаҷми шартномаҳо бо сармояи венчурӣ, ҳаҷми содироти маҳсулоти дорои технологияҳои баланд ва дархостҳо барои бақайдгирии моликияти зеҳнӣ истифода мекунанд.
Гузориш ҳамчун манбаи меъёри ҷаҳонии иттилоот пешниҳод мешавад, ки ба сиёсатмадорону роҳбарони соҳаи тиҷорат ва дигар ҷонибҳои манфиатдор кумак мекунад, то ки фаъолияти наворваронаро ҳавасманд гардонида, низомҳои экологии боэътимоди навоварро бунёд намоянд.
Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ яке аз муассисаи СММ буда, аз манфиати навоварон ва муаллифон дар саросари ҷаҳон ҳимоя мекунад ва барои пешбурди бемонеаи ғояҳои онҳо ба бозор ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум сарфи назар аз макони зисташон, шароит фароҳам меорад.
Аз замони таъсиси худ Шохиси ҷаҳонии навоварона ба меъёри пешрафтаи ҷаҳонӣ барои санҷиш ва муқоисаи нишондиҳандаҳои фаъолияти сармоягузорӣ табдил ёфт. Маҷмаи умумии СММ онро манбаи бонуфуз дар заминаи сиёсати илм, техника ва инноватсия эътироф намудааст.
Шохиси соли 2025 аз ҷониби Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи “Портулан” таҳия шудааст.




