Бар зидди Фарҳод Назаров, омӯзгоре, ки хонандаи синфи 11- як мактаби шаҳри Левакантро “як шаппотӣ” задааст, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки “хонанда ҳам бегуноҳ нест”.
Ба иттилои манбаъ, волидони Меҳмед Бозоров, хонандаи синфи 11-и мактаби №4-и деҳаи Боҳтуробод нисбати муаллим Додситонии шаҳри Левакант шикоят кардаанд.
Бар асоси шикояти волидон, алайҳи омӯзгор бо моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
“Мо ин масъаларо пайгирӣ дорем, бо омӯзгор, хонанда ва ҳамсинфони ӯ гуфтугӯ кардем. Маълум шуд, ки Меҳмед Бозоров натанҳо ба ҳарфҳои омӯзгор гӯш надодааст, ҳатто ӯро таҳқир кардааст. Барои ин омӯзгор хонадаро як шаппотӣ задааст. Аммо хонанда баъди як соат аз ҳуш рафтааст”, - гуфтанд аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Назари Фарҳод Назаров ва Меҳмед Бозоров дар ин қазия барои “Азия-Плюс” дастрас нест.
Дирӯз, 1-уми октябр шуъбаи маорифи шаҳри Левакант дар як вокуниши расмӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 6-уми сентябр рух дода, баъди “рафтори номуносиб ва гапгардонӣ” ба омӯзгор аз сӯи Меҳмед Бозоров, омӯзгор “худро идора карда натониста, ба рӯйи хонанда як шаппотӣ задааст”.
Ба навиштаи манбаъ, хонанда баъди ин воқеа барои “пуштибонӣ” амакашро ба мактаб даъват мекунад ва вақте ӯ бо амакаш Бозоров Ҷамол асли корро нақл мекунад, аз ҳуш меравад.
Аммо худи Меҳмед Бозоров ба Радиои Озодӣ гуфтааст, омӯзгор “дар пушти гарданаш зарбаи сангин” задааст, ки “мағзи сараш осеб дида, 15 рӯз дар беморхона бистарӣ буд”.
Дар ҳамин ҳол, Бахши маориф таъкид мекунад, ки вазъи саломатии Меҳмед Бозоров хуб асту осеби ҷиддӣ набардоштааст.
Ҷузъиёти дигари ин қазияро дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Ҷангу даъвои омӯзгору хонанда дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Танҳо дар соли гузашта се қазияи даъво дар мактабҳо – яке дар шаҳри Бохтар ва ду ҳолати дигар дар ноҳияи Ховалинг расонаӣ гашта буд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта пас аз зиёд расонаӣ шудани хабарҳо дар бораи озордиҳӣ миёни хонандагон барои маъмурияти мактабҳо, роҳбарони синфҳо ва омӯзгорон дастурамали методӣ перомуни пешгирӣ аз озордиҳӣ ё киберозордиҳӣ таҳия шуд. Он дастурамал аз чӣ иборат аст, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Дар латукӯб дар мактабҳои кишвар кӣ гунаҳкор аст: омӯзгор, хонанда ё волидон? Дар ин матлаб ба ин савол посух ҷӯед.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста