Дар Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак”, ки рӯзи 11-уми октябр дар Душанбе баргузор шуд, мавзӯи калидии баҳс амният, иқтисод ва энергетика буданд. Ин ҷо муҳоҷиратро мавзӯи “ҳассос” номиданд ва дар бораи мушкилот ва роҳҳалҳои он тақрибан чизе нагуфтанд.
Ин ҳамоиш, ки дар доираи нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ-Русия дар Китобхонаи миллӣ гузашт, роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии минтақаро гирд овард,
Аз ҷумла, Кирилл Бабаев, директори Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия (АИР) дар суханронии худ ба масъалаи муҳоҷират диққат дода, гуфт, он дар рӯзномаи стратегии ҳамкориҳои Русия ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Ӯ гуфт, ки масъалаи муҳоҷират ва ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳо (диаспораҳо)-и кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия дар Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи улуми Русия тавассути Маркази тадқиқоти муҳоҷират омӯхта мешаванд.

Аммо Бабаев, перомуни мушкилоти муҳоҷирон дар Русия ҳарфе назад ва нагуфт, ки Институти Чин ва Осиёи муосири АИР барои ҳалли ин мушкил чӣ роҳҳалҳо дорад.
Ӯ пешниҳод кард, ки “формати доимии фаъоли муколамаи коршиносии “Русия - Осиёи Марказӣ” таъсис дода шавад, ки форумҳои мунтазам ва мизҳои гирдро дар бар гирад.
Бабаев таъкид кард, ки “дар қатори масъалаҳои афзалиятноки чунин муколама метавонанд масъалаҳои истифодаи об, энергетика, рушди долонҳои нақлиётӣ, муҳоҷират, таҳсилоти олӣ ва ҳамкории молиявӣ бошанд, чунки ба гуфтаи ӯ “ин масъалаҳо ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам Русияро ба ташвиш меоранд.
Хайридин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон (МТС), зимни схуанронии худ перомуни масоили гуногун ҳарф зада, дар бораи муҳоҷират гуфт, он “масъалаи махсусан ҳассос боқӣ мемонад”.
Вай ин мушкилотро бо омили демографӣ пайваст намуда, гуфт, “рушди иқтисодии мо, сарфи назар аз суръати баланди афзоиш, наметавонад аз афзоиши демографӣ, бахусус дар самти бо ҷои кор таъмин намудани қисми фаъоли иқтисодии аҳолӣ, қафо намонад".

“Муҳоҷирони мо, ки дар Русия кор мекунанд, на танҳо оилаҳои худро дар Ватан таъмин мекунанд, балки саҳми назаррас дар сохтмон ва навсозии инфрасохторҳои иҷтимоии Русия ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти ин кишвар мегузоранд”.
Ӯ ҳам роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷиратро ошкоро нагуфт.
Бояд гуфт, ки дар доираи сафар давлатии Владмир путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ва мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки се ҳуҷҷат бевосита ба масъалаи муҳоҷират рабт дорад.
Аз ҷумла, имзои созишнома дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расид, имкон медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар ба Русия дар Душанбе аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Ҳамчунин, дар бораи ворид намудани тағйирот ба сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2019 қабул шуда буд ва дар мавриди “мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират” ду санади дигар ба имзо раосниданд. Вале ҷузъиёти ин санад ҳам то ҳол маълум нест.
То куҷо ин санадҳо мушкили муҳоҷиронро ҳал мекунад, ҳоло маълум нест.
Гуфтан зарур аст, ки тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.
Ғайр аз ҳамаи ин, дар чанд соли охир даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба қатл расонида шуданд, занон аз сӯйи шаҳрвандои ин кишвар таҷовуз шуданд, ҳатто ноболоғон дар пайи дастдарозӣ ба номусашон ба ҳалокат расиданд. Ин гуна таҳқиру таҷовузу қатл дар Русия нисбати муҳоҷирони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам расонаӣ шудааст.
Мушкилоти дигари баррасишуда
Дар баробари масъалаи муҳоҷират, дар Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ + Русия: рӯзномаи рушди муштарак” чанд масъалаи дигарро ҳам баррасӣ карданд:
Амният ва муқовимат ба таҳдидҳо. Роҳбарони марказҳои таҳлилӣ ба зарурати таҳкими амнияти сарҳадӣ дар марзҳои беруна барои соли 2026 ва идомаи ҳамкорӣ дар муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ таъкид карданд. Инчунин, ишора шуд, ки дар ҳоли ҳозир тамрини муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ-25 омода мешавад.

Энергетика ва иқлим. Мушкилоти тағйирёбии иқлим, ки дар минтақа ба таври ҷиддӣ эҳсос мешавад ва масъалаи маҷмӯи обу энергетикӣ яке аз мавзӯъҳои асосии форум буд. Мавзӯи “Ҳифзи пиряхҳо” ҳамчун зарурати экологӣ ва иқтисодӣ муаррифӣ шуд.
Иқтисод ва логистика. Муҳокимаи рушди долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва рақамикунонӣ ҳамчун воситаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ҷараён гирифт. Намояндагони Форум қайд карданд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳким меёбад, зеро Русия шарики пешбар дар истеҳсоли маҷмӯи сӯзишворӣ ва энергетикӣ мебошад.
Форуми дуюми коршиносӣ бо имзои Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири АИР ба анҷом расид.






Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми ҷаҳон хайрбод гуфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 ноябри соли 2025
Тағйирот ба оинномаи Иттифоқи нависандагон имкон дод, Низом Қосим бори сеюм раис интихоб шавад
Дар либоси кормандони БДА Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб мешавад
Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев соҳиби унвони Устоди байналмилалии шатранҷ шуд
Умри якасра. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар одамони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд?
Дар маркази вилояти Хатлон ҳамоиши байналмилалии "Хатлон инвест Бохтар-2025" оғоз гардид
Тоҷикистонро дар "Abu Dhabi Grand Slam 2025" 10 ҷудокор муаррифӣ мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 18
Дар Тоҷикистон омӯзгорону кӯдаконро ба пахтачинии “ихтиёрӣ” маҷбур мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста