Мувофиқи гузориши World Happiness Report 2025, ки аз ҷониби Маркази некӯаҳволии Оксфорд, Gallup ва Шабакаи СММ оид ба рушди устувор таҳия шудааст, Тоҷикистон ба қатори пешсафон дар ҷаҳон аз рӯи ризокорӣ (волонтёрӣ) шомил гардида, миёни 140 кишвар мақоми 4-умро касб кардааст.

Дар радабандӣ сатҳи қаноатмандӣ аз зиндагӣ, саховатмандӣ ва эътимод дар 147 кишвари ҷаҳон барои солҳои 2022–2024 арзёбӣ мешавад. Мавзӯи асосии гузориш — "Ғамхорӣ ва кумаки ҳамдигарӣ" мебошад.

Тоҷикистон дар қатори пешсафони ҷаҳон аз лиҳози ризокорӣ ва меҳрубонии инсонӣ

Дар радабанди ҷаҳонии хушбахтӣ Тоҷикистон мақоми 90-умро касб карда, лекин аз рӯи сатҳи ризокорӣ ба яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар саросари дунё соҳиб шуд ва миёни 140 кишвар дар зинаи 4-ум қарор гирифт. Ин нишондиҳанда анъанаҳои устувори дастгирии дастаҷамъона ва кумаки мутақобилаи ғайрирасмиро, ки ба ҷомеаи тоҷикон хос аст, таҷассум мекунад.

Дар дигар категорияҳо кишвар мавқеъҳои миёна дорад: зинаи 60-ум аз рӯи кумак ба ношиносҳо, 122-юм - аз лиҳози хайру эҳсон, 48-ум - аз рӯи баргардонидани ҳамён ба ҳамсоя, 96-ум - баргардонидани ҳамён ба шахси ношинос ва 4-ум - аз лиҳози эътимод ба мақомоти пулис.

Коршиносони гузориш таъкид мекунанд, ки сатҳи баланди некхоҳӣ дар Тоҷикистон ба махсусиятҳои ҳаёти иҷтимоӣ марбут аст: сокинон бештар на тариқи ниҳодҳои расмӣ, балки дар муҳити ғайрирасмӣ - оила, миёни ҳамсояҳо ва дар маҳалла ба ҳамдигар кумак мекунанд.

Ин дар кишвар боқӣ мондани фарҳанги устувори ҷамъгароӣ (коллективизм)-ро, ки эҳсоси ҳамбастагӣ ва эътимодро ташаккул медиҳад, тасдиқ мекунад.

Акс аз Asia-Plus

Муҳаққиқон ҳамчунин ба як таноқуз (парадокс) таваҷҷуҳ кардаанд: тоҷикон бештар кумак мекунанд ва камтар интизори ёрӣ ҳастанд.

Ин падида як ҷомеи беназирро ба вуҷуд меорад, яъне ҷомеае бо робитаҳои уфуқии қавӣ, ки дар он кумаки ҳамдигарӣ ва меҳрубонӣ ҳамчун арзишҳои муҳими иҷтимоӣ нақш мебозанд. Бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ, Тоҷикистон ба зинаҳои болоии радабандии ҷаҳонӣ шомил гардид. Ин устувории анъанаҳои ахлоқӣ ва фарҳангиро, ки бар асоси усули "як кас барои  ҳама" бунёд ёфтаанд, тасдиқ менамояд.

Осиёи Марказӣ дар сафи ҷомеаҳои самимитарини ҷаҳон

Дар рейтинги хушбахтии соли 2025 Осиёи Марказиро чор кишвар — Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Туркманистон бинобар набудани маълумоти кофӣ ба ҷадвал дохил нашудааст.

Ба сурати умум, дар минтақа нишондиҳандаҳои баланди некхоҳӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ сабт шуда,  аз рӯи ин меъёр минтақа аз Осиёи Шарқӣ пеш гузашт.

Дар радабандии ҷаҳонии хушбахтӣ Қазоқистон зинаи 43-юмро касб карда, аз лиҳози эътимод ва ростқавлӣ яке аз натиҷаҳои беҳтарин нишон дод: зинаи 30-юм аз рӯи баргардонидани ҳамён ба ҳамсоя ва 42-юм - ба шахси ношинос.

Ӯзбекистон зинаи 53-юмро касб карда, аз лиҳози сатҳи хайру эҳсон (зинаи 29-ум) ва эътимод ба мақомоти пулис (19-ум) нишондиҳандаҳои хуб дорад.

Қирғизистон дар зинаи 75-ум қарор гирифта, аз рӯи кумак ба афроди ношинос (зинаи 55-ум) пешсаф дар минтақа аст.

Шохиси минтақавии некхоҳӣ аз 0,30 то 0,36 аст. Сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ ба 0,33 баробар аст. Чунин натиҷаҳо бозгӯи онанд, ки сарфи назар аз душвориҳои иқтисодӣ, дар Осиёи Марказӣ сатҳи баланди эътимод ва омодагӣ барои кумак ба дигарон боқӣ мемонад.

Дар ҷомеаҳое, ки фарҳанги кумаки мутақобила дар анъанаҳо реша давондааст, сатҳи хушбахтӣ ҳатто дар ҳолати даромади паст устувор боқӣ мемонад.

Осиёи Марказӣ дар гузориш ҳамчун минтақаи дорои "иқлими иҷтимоии гарм (самимӣ)" тасвир шудааст, ки дар он меҳрубонии инсонӣ заъфи ниҳодҳоро ҷуброн ва устувории дохилиро ташаккул медиҳад.
Акс аз Asia-Plus

Дар радабандии хушбахтӣ Финландия, Дания, Исландия ва Шветсия пешсафанд, ки дар онҳо сатҳи эътимод, дастгирии иҷтимоӣ ва озодии шахсӣ баланд аст. Миёни кишварҳои нав дар даҳгонаи аввал Коста-Рика, Исроил ва Мексика ҳузур доранд, ки афзоиши таъсири Амрикои Лотинӣ ва Ховари Миёнаро таҷассум месозад.

Аз Финландия то Тоҷикистон: кишварҳои хушбахтро чӣ муттаҳид мекунад

Дар зинаҳои охири радабандӣ Афғонистон, Яман ва Судан қарор гирифтаанд, ки дар онҳо эътимод ва қаноатмандӣ аз ҳаёт то нишондиҳандаҳои ҳадди камтарини таърихӣ поин рафтаанд.

Яке аз мавзӯъҳои ҷолиби гузориш робитаи байни хӯрокхӯрии дастаҷамъона ва сатҳи хушбахтӣ мебошад. Муҳаққиқони Донишгоҳҳои Оксфорд, Гарвард ва ширкати Gallup муайян карданд, ки одамоне, ки бештар якҷо хӯроки нисфирӯзӣ ё шом мехӯранд, худро хушбахттар эҳсос карда, камтар зери фишори рӯҳӣ қарор мегиранд.

Кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб аз рӯи шумори якҷоя ғизо хӯрдан пешсафанд — ба ҳисоби миёна 9 маротиба дар як ҳафта, дар ҳоле ки дар Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ ҳиссаи танҳо хӯрок хӯрдан дар ҳоли афзоиш аст.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки назар ба шароити моддӣ, маҳз некхоҳӣ, эътимод ва фарҳанги ҳамбастагӣ пешгӯйиҳои қавитарини хушбахтӣ ба шумор мераванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.