ЮНЕСКО дар 43-юмин Конфронси умумии худ дар шаҳри Самарқанд қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир"-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистону Эрон пешниҳод гардида буд, қабул кардааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, қатъномаи мазкур, ки 6-уми ноябр қабул гардид, аҳаммияти таърихӣ ва маънавии “Устувонаи Куруш”-ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад.

“Қабул гардидани санади зикршуда ба таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳо ва мусоидат ба рушди муколамаи фарҳангҳо дар доираи ЮНЕСКО саҳми арзанда мегузорад”, - навиштааст манбаъ.

 

Аҳаммияти “Устувонаи Куруш”

 “Устувонаи Куруш” лавҳе аз гили пухта аст, ки дар соли 538-и пеш аз милод ба фармони Куруши Бузурги ҳахоманишӣ нигошта шудааст. Ин устувона соли 1879 кашф гардида, дар осорхонаи Бритониё нигоҳ дошта мешавад ва қисматҳое аз он шикаста ва гум шудаанд. Нусхаи дигаре аз матни ҳамин сутун бар рӯйи ду лавҳаи дигари гилии бобилӣ ёфт шудааст, ки онҳо низ дар маҷмуаи осори бобилии Осорхонаи Бритониё қарор дорад.

Устувонаи “Куруши Кабир” яке аз муҳимтарин ёдгориҳои таърихӣ буда, бо унвони “Эъломияи ҳуқуқи башар” низ маъруф аст. Дар он пиромуни озодии мазҳабӣ, эҳтиром ба фарҳангҳои гуногун ва бозгардонидани муҳоҷирон ба ватани худ ишораҳо ҳаст.

 

Ҷаласаи ЮНЕСКО Самарқанд
Аксҳо аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Матни устувона, ки бо хат ва забони бобулӣ навишта шуда, тарҷумаи форсӣ-тоҷикии он дар Тоҷикистон бо саъй ва эҳтимоми олими шинохта Парвона Ҷамшедов ба табъ расидааст, қиссаи фатҳи Бобил аз ҷониби Куруш дар соли 539-и пеш аз милодро баён мекунад. Дар оғоз қиссаи ҷустуҷӯӣ подшоҳи шоиста ва баргузида шудани Куруш ҳамчун ҳукмрони ҷаҳон ва ғалабаи ӯ бидуни ҷанг оварда шуда, дар идома аз номи худи Куруши Кабир ному насаб ва амалҳояш ёд мешавад.

Куруши Кабир ҳамчунин дар он аз бозсозии маъбадҳо, иҷозаи бозгашти табъидшудагон ба ватани худ, бозсозии деворҳои дифоии шаҳри Бобил тавсиф кардааст.

Чанде пеш дар боғи “Куруши Кабир”-и пойтахти Тоҷикистон низ намунае аз “Устувонаи Куруши Кабир”-ро насб карданд.

Бояд гуфт, бо пешниҳоди Тоҷикистон чандин ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардидаанд. Ахиран ба ин феҳрист 11 ёдгории “Хуттали қадим” ва пештар аз он “Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” бо пешниҳоди Тоҷикистон дохил шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.