Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба як қатор навоҳии Хатлон сафар карда, бо сокинон мулоқот ва ба шикояти онҳо расидагӣ кардааст. Аксари сокинон аз баҳсҳои оилавӣ, ҳуқуқ ба таҳсил, таъминот бо оби тоза, вазъ дар соҳили дарёи Панҷ, риояи “лимит”, нархи пахта ва дигар масоили ҳуқуқӣ шикоят кардаанд.
Дар ин бора, дафтари матбуоти омбудсмен иттилоъ дода, навиштааст, Умед Бобозода ба ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Восеъ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сафар кардааст. Дар маҷмуъ 40 сокини ин ноҳияҳо ба омбудсмен муроҷиат карда, мушкилоти ҳуқуқии худро ироа кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, сокинон аксаран аз ҳуқуқу озодиҳои инсон, чун ҳуқуқҳои ҳамсарон ҳангоми бастани ақди никоҳ, тақсимоти молу мулки муштарак, ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ ба замин, зӯроварӣ дар оила, саркашӣ аз супоридани алимент, ҳуқуқ ба аёдати кӯдакон, ҳуқуқ ба таҳсил муроҷиат кардаанд.
Инчунин, баъзе сокинон аз мурофиа ва ҳалномаҳои судӣ норизоӣ кардаанд. Қисме аз онҳо масоили таъмин намудан бо оби тозаи нӯшокӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони партовгоҳҳо дар ҳудуди ноҳия ва танзими нархи пахтаро ба баррасӣ кашидаанд.
Ҳамчунин баъзе сокинон аз вазъ дар соҳили дарёи Панҷ, ки дар сарҳади Афғонистон воқеъ аст, нигаронӣ кардаанд.

Риоя нагардидани меъёр (лимит)-и муайянгардидаи интиқоли қувваи барқ дар ин навоҳӣ аз мушкили дигаре будааст, ки сокинон шикоят кардаанд. Бояд гуфт, сокинони аксари минтақаҳои кишвар ҳафтаҳои охир аз шадид шудани “лимит”-и барқ шикоят доранд. Онҳо гуфтаанд, дар як шабонарӯз аз 4 то 7 соат бо барқ таъмин ҳастанд, вале ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Омбудсмен, Умед Бобозода бо муроҷиаткунандагон машварат карда, тавсияҳои ҳуқуқӣ додааст.
“Бархе аз муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҳузури роҳбарони аввали ноҳияҳои зикргардида ҳалли мусбии худро ёфтанд”, - навиштааст манбаъ.
Аммо гуфта намешавад, ки ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар ба сокиноне, ки шикоят карданд, мушаххасан чӣ тавсияҳо дода, ба мушкилашон чӣ гуна расидагӣ кардааст.
Бояд гуфт, боздиди роҳбар ва намояндагони ин ниҳод аз манотиқи кишвар ва ё зиндонҳо кам расонаӣ намешавад. Аммо натиҷаҳои ин машваратҳо аксаран норавшан мемонанд.
Ахиран Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз зиндони маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат боздид карда, бо чанде аз маҳбусони хориҷӣ мулоқот ҳам карда буд. Аммо натиҷаҳои ин мулоқот низ то ҳол пӯшидаанд.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста