Ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ дар соли 2025 ба Мария Корина Мачадо, раҳбари мухолифини Венесуэла тақдим мешавад. Чандин давлат ва сиёсатмадорон ба ин ҷоиза Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро пешбарӣ карда буданд. Ба навиштаи кумитаи нобелӣ, Мария Корина ин ҷоизаро барои фаъолияти бемислаш дар ҳимояи ҳуқуқҳои демократии мардуми Венесуэла ва муборизааш барои гузариши одилона ва осоишта аз диктатура ба демократия соҳиб шудааст.
Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико борҳо гуфта буд, ки ӯ сазовори ин ҷоиза аст, зеро тавонистааст аз оғози давраи дуюми раёсаташ дар Кохи сафед якчанд ҷангро хотима диҳад. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2025 гуфта буд, “ман сазовори ин ҷоиза ҳастам, вале ҳаргиз онро ба ман намедиҳанд”.
Баъди иддаоҳои ӯ, масъалаи ба ӯ тақдим шудани ҷоизаи Нобел дар расонаҳои ҷаҳонӣ тунд баҳс мешуд. 30-юми сентябр худи Трамп боз ба ин мавзуъ баргашт ва гуфт, “агар ҷоизаро ба каси дигар диҳанд, ин барои кишвари мо таҳқири бузург хоҳад буд”.
Ба навиштаи Reuters, Кристиан Берг Харпвикен, котиби Кумитаи нобелӣ, ки яке аз панҷ узви ҳайати тасмимгиранда аст, гуфтааст, ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ барои корҳои ба наздикӣ анҷомшуда дода намешавад.
“Ин ҷоиза асосан барои дастовардҳо, ки соли 2024 ва солҳои пеш аз он ноил гардидааст, дода мешавад, на барои амалҳое, ки дар ҳафтаҳо ё моҳҳои охир анҷом ёфтаанд”, - гуфтааст ӯ.
Мария Корина Мачадо кист?
Мария Корина Мачадо раҳбари ҳаракати демократӣ дар Венесуэла буда, яке аз шахсони калидӣ ва боҷасорати замони муосир дар Амрикои Лотинӣ мебошад. Ӯро муттаҳидкунандаи мухолифини сиёсие меноманд, ки қаблан аз ҳам ҷудо буданд. Вай тавонист онҳоро дар атрофи як ҳадафи умумӣ – талаби интихоботи озоду шаффоф муттаҳид созад.

Корина Мачадо беш аз 20 сол қабл созмони “Súmate”-ро таъсис дод ва барои интихоботи озоду одилона садо баланд кард. Ӯ давоми фаъолияташ ҳам дар мақомҳои давлатӣ ва ҳам дар созмонҳои ҷамъиятӣ барои истиқлоли додгоҳҳо, ҳуқуқи инсон ва демократия мубориза бурд ва солҳои зиёдро сарфи озодии мардуми Венесуэла намуд.
Дар интихоботи соли 2024, Мачадо номзади расмии мухолифон ба мақоми президентӣ буд, аммо ҳукумат номзадии ӯро рад кард. Баъдан ӯ Эдмундо Гонсалес Уррутия, намояндаи ҳизби дигарро дастгирӣ кард. Садҳо ҳазор ихтиёриён аз тамоми минтақаҳо ҳамчун нозирони интихоботӣ муттаҳид шуданд, то интихобот шаффоф ва одилона гузарад. Бо вуҷуди хатари таъқиб, боздошт ва шиканҷа, шаҳрвандон то охир дар маҳалҳои овоздиҳӣ ҳозир монданд ва натиҷаҳои воқеии интихоботро сабт карданд, то низоми ҳоким натавонад варақаҳоро нобуд ё натиҷаҳоро таҳриф намояд.
Мухолифин худро ғолиб эълон карданд, аммо ҳукумат ин натиҷаро напазируфт.
Ҷоизадорони дигари Нобел киҳоянд?
Ҷоизадорони Нобел дар соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла, адабиёт, физика, химия, тиб ва физиология ва адабиёт низ барои соли 2025 эълон шуданд.
Нахуст ҷоизадорони Нобел дар бахши физика муайян шуданд. Ҷон Кларк, Мишел Деворе ва Ҷон Мартинис аз Донишгоҳи Калифорния барои кашфи туннелгузории квантии макроскопӣ ва квантунии энергия дар шабакаи барқӣ имсол сазовори Нобел шуданд.
Кумитаи нобелӣ гуфтааст, тадқиқоти онҳо дар микросхемаҳо қонунҳои физикаи квантиро дар амал нишон дод.
“Ин кашфиёт имкониятҳои навро барои рушди насли ояндаи технологияҳои квантӣ, аз ҷумла квант-криптография, компютерҳои квантӣ ва сенсорҳои квантӣ фароҳам овард”, - омадааст дар баёнияи расмии кумита.

Дар бахши кимиё имсол бо ҷоизаи Нобел се донишманди кишварҳои гуногун – Сусуму Китагаваи ҷопонӣ, Ричард Робсони австралиявӣ ва Умар Ёғии фаластинтабори амрикоӣ барои таҳияи сохторҳои металлҳои органикии каркасӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ба иттилои кумитаи нобелӣ, “ин сохторҳои молекулавӣ, ки дорои фазои калон мебошанд, метавонанд барои ҷамъоварии об аз ҳавои биёбонҳо, тозакунии об аз моддаҳои ифлоскунанда, нигоҳдории газҳои заҳрнок ва суръатбахшии реаксияҳои химиявӣ истифода шаванд”.

Ин сохторҳо инчунин қобилияти аз ҳаво ҷудо кардан ва безарар сохтани моддаҳои заҳрнокро дошта, метавонанд гази карбонатро аз корхонаҳо ва нерӯгоҳҳо ҷамъоварӣ намоянд ва ба ин васила партовҳои газҳои гулхонаиро дар атмосфера коҳиш диҳанд.
Ҷоизаи Нобел дар бахши тиб ва физиология дар соли 2025 ба ду олими амрикоӣ - Мэри Бранкоу ва Фред Рамсделл ва як олими ҷопонӣ Симон Сакагучи тақдим мегардад. Онҳо барои кашфиёти худ дар таҳаммулпазирии масъуниятии периферикӣ қадр мегарданд.

Дар баёнияи Кумитаи Нобел гуфта мешавад, ин тадқиқот роҳҳои нави пешгирии зарари эҳтимолии фаъолияти системаи масъуният ба организми инсонро мекушояд. Кашфи мазкур имкони таҳияи усулҳои нав барои муолиҷа ва пешгирии бемориҳои саратон ва бемориҳои аутоиммунӣ (монанди псориаз, лупус, артрити ревматоидӣ, витилиго ва дигар бемориҳо)-ро фароҳам меорад.
Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт имсол ба Ласло Краснаҳоркаӣ, нависанда аз Маҷористон тақдим мегардад. Кумитаи нобелӣ гуфтааст, нависанда “ба хотири эҷодиёти қавӣ ва ояндабинаш, ки дар шароити ваҳшати охиризамонӣ бори дигар қудрати санъатро нишон медиҳад”, қадрдонӣ мешавад.

Ба иттилои сомонаи расмии Ҷоизаи Нобел, ҷоиза 10-уми декабри соли ҷорӣ ба ғолибон тақдим мегардад.



Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста