Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва идҳо – Рӯзи модарон ва ҷашни Наврӯз, моҳи марти соли ҷорӣ тоҷикистониён 15 рӯз истироҳат мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар дод, мутобиқи меъёрҳои қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат ба рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафта рост ояд, рӯзи кории минбаъда низ рӯзи истироҳат эълон мешавад.
«Рӯзи модарон – 8-уми март имсол ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, аз ин рӯ, 10-уми март (рӯзи душанбе) низ рӯзи истироҳат эълон мешавад», - гуфт манбаъ
Ба иттилои манбаъ, дар таҷлили ҷашни Наврӯз рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март расман рӯзҳои истироҳат шуморида мешаванд ва чун рӯзҳои 22 ва 23-юми март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд, тоҷикистониён рӯзҳои 25 ва 26-уми март низ истироҳат мекунанд.
Ҳамин тариқ, моҳи март тоҷикистониён 15 рӯз – рӯзҳои 1,2,8,9,10,15,16,21,22,23,24,25,26,29 ва 30-юми март истироҳат хоҳанд кард.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста