Додани шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёти механикӣ аз имрӯз оғоз мегардад.
Сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Назаралӣ Раҳматуллоев ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи талаботи Конвенсияи Венаи соли 1968 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва ислоҳоти солҳои 2004-2006 қабулнамудаи комитети нақлиётии Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои аъзои Конвенсия дар қаламрави кишварашон бояд бланкаҳои шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ҷавобгӯй ба талаботи Конвенсияро ҷорӣ намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, санади намунаи нав аз шаҳодатномаҳои пешинаи оддӣ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо дорои сатҳи баланди ҳимоя ва андозаи нисбатан хурд мебошанд. Раҳматуллоев шарҳ дод, ки шурӯъ аз 5-уми март ба хатмкунандагони мактабҳои ронандагӣ низ шаҳодатномаҳои биометрӣ дода шуда, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд санади куҳнаро бо санади намунаи нав иваз намоянд. Дар маҷмӯъ, шаҳодатномаи ронандагии маъмулиро дар муддати 10 сол метавон ба шаҳодатномаҳои биометрӣ иваз намуд.
Намояндаи БДА зикр кард, ки барои шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ – 165 сомонӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёти механикӣ – 140 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.
«Санадҳои нав дар қаламрави тамоми кишварҳое, ки Конвенсияи Венаро ба имзо расонидаанд, ҳаққонӣ шуморида мешавад, аз ҷумла шаҳодатномаи ронандагии биометрии Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ки соли 2011 ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуд, низ амал мекунад», - таъкид дошт Раҳматуллоев.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста