Аввали ҳафтаи равон дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа қабл аз ҳама бо инобати фарҷоми фасли сармо ва бар асари он дар минтақаҳои алоҳида ниёз ба таъмири ҷорӣ пайдо намудани роҳҳои нақлиётӣ масъалаи сафарбарсозии потенсиали сохторҳои ноҳиявӣ барои беҳдошти ҳолати роҳҳои нақлиёту пиёдагард, вусъати амалисозии тадбирҳо оид ба беҳбудбахшии ҳолати санитарию экологӣ, сабзкорию хуррамгардонии шаҳр тавассути шинонидану нигоҳубини дарахту ниҳолҳои ороишию сояафкан, дар доираи «30 - моҳи ободонӣ» омодасозии хонаву биноҳои истиқоматии шаҳрвандон ба истиқболи Наврӯзи ҳар хонадон ва ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро сазовор гардидани Душанбе ва бо инобати он назорати дарёфти шиносномаҳои тасдиқкунандаи воқеан омодагии хонаву биноҳо дар таносуби ноҳияҳо аз ҷониби комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилон халқи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин, дар ҷаласа Раиси шаҳр аз дархосту пешниҳодоти фаъолони пойтахт пазиройӣ карда, бо ироаи супоришоти дахлдор оид ба ҳалли онҳо сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Абдумуслим Темуровро барои фаъолияти пурсамараш дар ин симмат аз номи мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида, мавсуфро бинобар сабаби ба синни ниҳоии нафақа расидан бо хоҳиш худаш аз вазифаи ишғолнамудааш озод ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Бобоқул Муъминовро тибқи ризоияти хаттии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъин намуд.




Даъвои сокинони минтақаҳои табодулшудаи Қирғизистон: барои зиёрати қабри наздиконамон дар Тоҷикистон мусоидат кунед
Санъат Асо ба нафақа гусел карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон боз киро аз вазифа озод ва ё ба мансаб таъин кард?
Дар Тоҷикистон ба маблағи қариб $1,2 млрд иншооти зерсохтори роҳ сохта мешавад
Шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон кор мекунанд, дар шаш моҳ 53 адад зиёд шудааст
Дар пайи садамае дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 узви ду хонадон ҷон бохтаанд
Барои татбиқи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ то ҳол чӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст?
“Қарзи бонкро чӣ тавр диҳам?”. Нигаронии савдогарони бозори сӯхта дар Панҷакент аз гаронии нархи нуқтаҳои нави савдо
Боздошти як зан дар Хатлон бо иттиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ дар Маскав
Тақвими мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026 нашр шуд. Кадом даста, кай ва бо кадом тим бозӣ мекунад?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 34
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста