Комиссияи байнулмилалии ҳуқуқшиносон (ICJ) дар робита ба ҳабси Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов нигаронӣ изҳор намуд.
Дар изҳороти интишоршудаи ин ташкилот дар ин робита зикр мегардад, ки ҳабси адвокат шояд ба мавқеи фаъол ва мустаҳками ӯ зимни ҳимояти Саидов дар суд марбут бошад. Фахриддин Зокиров рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ боздошт шуд. Ӯ ба гирифтани қарзи бонкӣ якчанд сол пеш ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Шуҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров, адвокатҳои дигари соҳибкор зимни нишасти хабарӣ изҳор намуданд, ки барои иштирок дар ин парванда ва бахусус дар робита ба даъвояшон нисбати роҳбари Агентии зиддифасод Фаттоҳ Саидов ахиран таҳти фишору тарсонидан қарор гирифтаанд.
«Таъқиби ғайриқонунии адвокатҳо ва таҳдидҳо ба унвони онҳо, ки ба фаъолияти касбиашон марбут аст, ба меъёрҳои байнулмилалии мустақилияти адвокатҳо мухолиф буда, дар ин ҳолат принсипҳои боинсофӣ ва беғаразии низоми адолати судӣ риоя намешаванд», - изҳор доштааст Роушин Пиллей, директори барномаи минтақавии ICJ дар Аврупо.
Дар изҳорот қайд мешавад, ки дар ҷараёни амалисозии фаъолияти касбӣ адвокатҳо набояд зери таҳдиду фишор, тарсонидан ва таъқиб ё ҳабси худсарона қарор гиранд. «ICJ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват мекунад, ки дахолатнопазирии адвокатҳо таъмин гардида, ҳамчунин ба суистеъмол дар низоми адлия бо мақсади тарсонидани онҳо роҳ дода нашавад», - омадааст дар изҳорот.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста