Ба бинои маъмурии Вазорати фарҳанг тибқи тартиботи даҳ рӯз қабл ҷоришуда чун пешин ҳама гуна шаҳрванд ворид шуда метавонад, вале акнун танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва баёни мақсади ташрифи худ.
Ба идораи «Азия-Плюс» як сокини пойтахт бо номи Фарида муроҷиат карда изҳор намуд, ки чанд рӯзе қабл бо масъалаи шахсӣ тасмим гирифтааст, ки ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ равад, вале дар даромадгоҳ аз ӯ шиноснома талаб намуда, мақсади омаданашро пурсидаанд.
Ғайр аз ин, корманди милисаи назди даромадгоҳ аз ӯ пурсидааст, ки оё ӯ қаблан, яъне се рӯз пеш барои ворид шудан номнавис шудааст ё на. «Наход акнун ба Вазорати фарҳанг ҳам мебояд бо шиноснома рафту қаблан барои қабул номнавис шуд», - савол дод хонанда.
Барои шарҳи масъала мо ба роҳбари хадамоти иттилоотӣ-коммуникатсионии Вазорати фарҳанги ҶТ Илҳом Холов муроҷиат кардем.
«Ин тартиботи дохилии вазорат аст. Ҳамаи кормандон бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ бидуни монеъа ба бинои вазорат ворид мешаванд, вале дигар касоне, ки ба бино ворид шуданианд, бояд қоидаҳои муқарраршударо риоя кунанд. Бале, барои ворид шудан ба бинои вазорат пешниҳоди шиноснома ё дигар ҳуҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ҳамчунин баёни мақсади ташриф зарур аст. Корманди милисаи назди даромадгоҳ ба корманди вазорат, ки шумо ба он муроҷиат карданиед, занг мезанад ва дар сурати розигии ӯ, ба шумо рухсатнома дода шуда, шумо озодона ба бино ворид мешавед. Тартибот оддӣ аст. Аммо тартиботи «се рӯз қаблан номнавис шудан» вуҷуд надорад», - иброз дошт ӯ.
Гуфтаҳои Илҳом Холовро роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанг Абдуғаффор Абдуҷабборов низ тасдиқ кард:
- Тартиботи ворид шудан ба ин ё он бинои вазорату идораҳо ҳамеша вуҷуд дошт. Ба бинои Вазорати фарҳанг дилхоҳ касе ворид шуда метавонист. Даҳ рӯз қабл тартиботи ворид шудан ба бинои вазорат муқаррар карда шуд ва он акнун риоя мешавад. Ҳеҷ гуна маҳдудият ва монеъаҳо барои дастрасӣ ба кормандони вазорат вуҷуд надорад. Ин таҷрибаи маъмул буда, ҳеҷ ҷойи бадие надорад.
Номбурда ҳамчунин илова кард, ки рӯзҳои шанбеи ҳафта аз соати 08-00 то соати 11-00 рӯзҳои қабули вазири фарҳанг ва муовинони ӯ буда, барои ворид шудани ҳеҷ маҳдудияте нест, вале дар рӯзҳои дигар ворид шудан ба бинои вазорат қатъият тибқи тартиботи муқарраршуда сурат мегирад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста