Анонс
— Дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот» конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;
— Дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ вохӯриҳои нимфиналии Ҷоми ФФТ баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 12-00 ва 15-00;
— Дар доираи кори иҷлосияи 57-уми Комиссия оид ба воситахои нашъаовар Тоҷикистон гузориши вазъи маводи мухаддир дар кишварро дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Вена муаррифӣ мекунад.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.8001 сомонӣ;
1 евро - 6.6012 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1330 сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1991 – Дар раъйпурсии умумииттифоқӣ аз чор се ҳиссаи овоздиҳандагон ба ҷонибдории боқӣ мондани Иттиҳоди Шӯравӣ раъй доданд. Худи ҳамон сол ИҶШС пош хӯрд.
2003 – Президент Э.Раҳмонов бо маърӯза дар Форуми ҷаҳонии об дар Киото (Ҷопон) суханронӣ намуда, пешниҳод намуд, ки аз соли 2005 Даҳсолаи байнулмилалии оби тоза эълон карда шавад. Моҳи декабр ин ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби СММ расман дастгирӣ ёфт.
2010 — Дар Душанбе дар синни 59-солагӣ пешвои маънавӣ ва сиёсии ҲНИТ Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз олам даргузашт.
1910 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Шариф Бобокалонов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад, (дар баландии 2200 метр борону барф), раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, баъзан раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона 0+5.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +1+6.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борону барф меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3+2, рӯзона +3+8; дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона -4+1.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +17+19.
Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +16+18.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд.
Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +4+6.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 феврали соли 2026
Даъвои сокинони минтақаҳои табодулшудаи Қирғизистон: барои зиёрати қабри наздиконамон дар Тоҷикистон мусоидат кунед
Санъат Асо ба нафақа гусел карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон боз киро аз вазифа озод ва ё ба мансаб таъин кард?
Дар Тоҷикистон ба маблағи қариб $1,2 млрд иншооти зерсохтори роҳ сохта мешавад
Шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон кор мекунанд, дар шаш моҳ 53 адад зиёд шудааст
Дар пайи садамае дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 узви ду хонадон ҷон бохтаанд
Барои татбиқи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ то ҳол чӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст?
“Қарзи бонкро чӣ тавр диҳам?”. Нигаронии савдогарони бозори сӯхта дар Панҷакент аз гаронии нархи нуқтаҳои нави савдо
Боздошти як зан дар Хатлон бо иттиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ дар Маскав
Тақвими мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026 нашр шуд. Кадом даста, кай ва бо кадом тим бозӣ мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста