Дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Ховалинг ду маркази солимӣ кушода шуд, ки метавонанд дар як рӯз 100 нафарро қабул ва муоина кунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ноҳияи мазкур хабар доданд, марказҳо дар ҷамоатҳои сераҳолии Ҷонбахт ва Сариосиёб, ки солҳои тӯлонӣ ба хизматгузории тиббӣ ниёзманд буданд, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин имрӯз дар ҷамоати Сариосиёб китобхона ифтитоҳ гардида, он бо якчанд ҳазор нусха адабиёти соҳаҳои гуногун таъмин аст.
«Пагоҳ, рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз дар сатҳи ноҳия то даҳ иншооти таъиноти гуногун низ мавриди баҳрбардорӣ қарор мегиранд», - афзуд сарчашмаи хабар.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста