Имрӯз дар Лужники, дар толори давлатии консерти «Россия» бо маблағгузории ҳукумати шаҳри Маскав ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Дар ин чорабиниҳо тамоми халқияту миллатҳои маскуни Русия, ки ҷашни Наврӯзро иди миллии хеш мешуморанд, ширкат хоҳанд варзид. Ҳар кадоме аз кишварҳо барномаи консертӣ, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии худро ба маърази тамошо мегузорад. Таҷлили ин ҷашн соли сеюм аст, ки дар пойтахти Русия пуршукӯҳу оммавӣ таҷлил гардида, ба анъана даромадааст.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод қаблан дар ин робита зикр карда буд, ки имсол низ мавқеи Тоҷикистон дар баргузории ин чорабинӣ арзанда буда, сафир Абдулмаҷид Достиев ба тамоми дипломатҳо супориш додааст, ки баҳри шоёну арзанда муаррифӣ сохтани барномаи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ аз имконоти намояндагони тамоми вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар Русия, фаъолони диаспораҳои тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик самарабахш истифода шавад.

Аммо ҳоло маълум нест, ки кадоме аз ҳунармандони Тоҷикистон ба ин чорабинӣ даъват шудаанд, то ки кишвари моро дар консерт муаррифӣ намоянд. Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар толори Rock House-и шаҳри Маскав, ки ғунҷоишаш 700 нафар мебошад, консерти овозхонаи маъруфи тоҷик Баҳром Ғафурӣ доир мегардад.