Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратии назди Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагӣ, дар ҷаласа масоили марбут ба вазъи муҳоҷират, кори шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав ва ҳолати бозори меҳнат барррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти Раёсати ХФМ Русия дар шаҳри Маскав, соли гузашта танҳо дар шаҳри Маскав ба шаҳрвандони хориҷӣ беш аз 292 ҳазор патент дода шудааст, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 45% зиёдтар аст.
Намояндагони мақомоти муҳоҷирати Маскав зикр карданд, ки агар дар тамоми давраи соли 2013 нисбати беш аз 80 ҳазор нафар шаҳрвандон хориҷӣ асноди манъи вуруд пешниҳод шуда бошад, пас дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда аллакай ба зиёда аз 40 ҳазор нафар расидааст, ки ин ба пурзӯр шудани қонунгузории муҳоҷират тайи солҳои ахир вобаста аст.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҷараёни гузариш ба низоми патентӣ, ки ба шаҳрванди хориҷӣ барои фаъолияти корӣ дар назди шахси ҳуқуқӣ низ имконият медиҳад, низ баррасӣ шуданд.
«Намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо дастгирӣ аз ин иқдом зикр карданд, ки гузариш ба низоми патентӣ ҷараёни ба расмият дароврадани ҳуҷҷатҳо барои фаъолиятро метавонад хеле беҳтар намуда, дар баробари ин ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат намояд», - гуфта мешавад дар хабар.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста