Вохӯрии имрӯз таъиншудаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова бо фаъолзанони Кӯлоб ба рӯзи чоршанбе мавқуф гузошта шуд, зеро раиси Кумита ҳамроҳ бо комисиияи вилоятӣ ба макони офати табиӣ – деҳаи Одинабойи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод раҳсипор шуд.
Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» Махфиарт Хидирова изҳор намуд, ки айни замон дастгирии мардум ва изҳори тасаллият ба онҳову дар ҷойи ҳодиса муайян кардани кумаки аввалия муҳимтар аст, то ки онҳо худро яккаву танҳо ҳис накунанд. «Мо баҳри кумак ба кӯдакон кӯшиш мекунем ва воҳидҳои дахлдори кумита аллакай ба ҷамъоварии сарулибоси кӯдакона оғоз намуданд», - иброз дошт ӯ ва илова кард, ки тамоми масъалаҳои эҳтиёҷоти осебдидагон аз таваҷҷуҳи Кумита дур нахоҳанд монд.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз дар Кӯлоб ҷамъоварии кумак ба осебдидагони ноҳияҳои Шӯрообод, Восеъ ва Кӯлоб оғоз гардид. Ҳайати кормандони қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар Кӯлоб – 4620 сомонӣ, дастгоҳи муассисаҳои фарҳанги минтақа – 2 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намуда, дигар корхонаву муассисаҳо ҳам дасти ёрӣ дароз карданд.
Ёдрас мекунем, ки шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд.
Лағжиши теппа ба ҳалокати 13 нафар аъзои як оила боис гардид, ки манзили зисти онҳо зери лойқа монд. Дар деҳаи Чордараи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ низ духтарчаи 6-сола Муҳаррама Раҳмоналӣ низ зери девори панҷараи селшуста монда, ба ҳалокат расид. Даҳҳо манзили зист пурра харлб гардида, садҳо хонаҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста