Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи таъсиси грантҳо барои занон бо мақсади дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, маблағи умумии грантҳо 55 ҳазор сомонӣ буда, 5 грант ҳар яке 5000, сомонӣ барои рушди ҳунари дастии қолинбофӣ, 5 грант ҳар яке аз 3000 сомонӣ, барои рушди ҳунари сӯзанидӯзӣ ва 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ, барои рушди ҳунари адрасбофӣ таъсис дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, барои иштирок дар озмун танҳо он занҳои ҳунарманд ва соҳибкор шахсони алоҳидаи воқеии шаҳр иҷозат дода мешаванд, ки фаъолияташон ба дастгирии рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ нигаронида шудааст.

Гуфта мешавад, муҳлати амалигардонии ҳар як лоиҳаи барнома на камтар аз 6 моҳ муқаррар карда шудааст. Ҳайати комиссияи грантӣ аз 10 нафар иборат буда, аз қарорҳои қабулнамудаи он тавассути васоити ахбори омма иттилоъ дода мешавад.