Анонс
- Дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон дар пойтахт вохӯрии 9-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад;
- Дар кохи Таврическийи шаҳри Санкт-Петербург – ситоди кории Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Маркази парлумонии АБП ИДМ ҷаласаи Шӯрои АБП ИДМ, ҷаласаи ҷашнии АБП ИДМ ва ҷаласаи АБП СААД доир мегардад, ки дар кори онҳо раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ширкат меварзад;
- Дар меҳмонхонаи «Серена» рӯзҳои 17-18-уми апрел 10-умин ҷаласаи Иттиҳоди Байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор мегиранд;
- Дар шаҳри Душанбе Фестивали IV-уми байнулмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ба кори худ идома медиҳад.
Оғоз соати 13-00.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.8252 сомонӣ;
1 евро - 6.6603 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.134 4 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
2000 – Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуда, дар он раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси палатаи болоии парлумон интихоб шуд.
1913 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1961-1973) Абдулаҳад Қаҳҳоров.
1923 – Зодрӯзи олими таърихшинос, академик Борис Литвинский.
1927 – Мавлуди нависанда ва драматург Аъзам Сидқӣ.
1934 – Зодрӯзи раққоса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Зуҳро Каримова.
1946 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ Фирӯз Шукуров.
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, шабона баъзан раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, шабона баъзан раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, дар баландии зиёда аз 2500 метр борону барф.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0+5, рӯзона +11+16; дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона +2+7.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +18+20.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +12+14.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста