Як гурӯҳи шаҳрвандони ташаббускори Тоҷикистон ба хотири дастгирии сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев пешниҳод доранд, ки барои анҷом додани ҷарроҳии сутунмӯҳраи сарбоз аз воситаҳои худӣ маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ карда шавад.
Гузашта аз ин, рӯзи 17-уми апрел дар «Агроинветсбонк» ба номи сарбоз суратҳисоб кушода шуда, хоҳишмандон мувофиқи имкон метавонанд ба он маблағ гузаронанд.
Падари сарбоз Нуъмон Мирзоев алҳол огаҳ нест, ки шабонарӯзи сипаришуда дар суратҳисоб чӣ миқдор маблағ ҷамъ шудааст, вале ваъда дод, ки мунтазам дар ин бора ба шаҳрвандон маълумот хоҳад дод.
Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи табибон аз Эрон барои гузаронидани ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми ҳарбии 2026 воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳат бардошта буд, ба Тоҷикистон наомаданд.
Сабаби ба Тоҷикистон наомадани онҳо ба суратҳисоби дармонгоҳи Сино интиқол нагардидани беш аз 56 ҳазор сомонӣ маблағи зарурӣ барои хароҷоти ҷарроҳии сарбоз аз ҷониби қисми низомии 2026 унвон мешавад.
Нарзулло Расулов, муовини сардори ситоди госпитали марказии нерӯҳои мразбонии ҶТ мутмаин аст, ки Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва мутаносибан ба интиқоли маблағи пулӣ низ ҳеҷ зарурате нест.
«Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад. Сарбозро 12 нафар профессорон муоина мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, осебҳои сутунмуҳра дар қисмати гардан аллакай шифо ёфта истодаанд. Дар саросари дунё ин гуна беморон ҷарроҳӣ намешаванд. Рӯзҳои наздик мо бо гурӯҳи табибон аз Эрон машварат баргузор намуда, ба хулосаи ягона мерасем», - иброз дошт Расулов.
Айни замон Шаҳбол Мирзоев дар бинои 5-уми Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) қарор дорад. Ба гуфтаи падари сарбоз, вазъи солимии Шаҳбол ҳанӯз ҳам умедворкунанда нест. Ӯ пойҳо ва ангуштони дасташро эҳсос накарда ҳаракат карда наметавонад.
Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста