Аз 21 то 22 апрели 2014 сол дар меҳмонхонаи курортии «Иссиқ-кӯл Аврора», деҳаи Комсомоли вилояти Иссиқ-кӯли Ҷумҳурии Қирғизистон, вохӯрии аъзоёни шабакаи ТҒД Осиёи Марказӣ “CANDY” баргузор мегардад.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои тиҷоратии миёнарав (ТТМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ», ки дар доираи барномаи «Осиёи Марказӣ – Инвест III» - и Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, ташкил карда мешавад.
Шабакаи ТҒД дар Осиёи Марказӣ “CANDY” – иттиҳодияи ихтиёрии ғайрирасмии Ташкилотҳои ғайритиҷоратии ғайриҳукуматӣ буда, ташкилоти кушод, ҷамъиятӣ, ғайрисиёсӣ ва ғайридаромад мебошад. Номи пурраи Шабака – “Шабакаи ТҒД Осиёи Марказӣ - CANDY”, номи мухтасар – “CANDY” мебошад
Аз соли 2012 инҷониб Шабака аз тарафи ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria International (HWA) дастгирӣ карда мешавад.
Мақсади баргузории вохӯрӣ – муҳокимаи натиҷаҳои бадастовардаи фаъолияти Шабака ва коркарди тавсияҳо ва пешниҳодот оиди ривоҷ додан ба фаъолияти Шабака мебошад.
Дар вохӯрӣ намояндагони ташкилотҳои Осиёи Марказӣ, ки расман дар кишварҳои худ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, дар татбиқи мақсад ва вазифаҳои Шабака ҳавасманд мебошанд, ширкат меварзанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста