Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов зимни қабули сайёри худ рӯзи 19-уми апрел дар ноҳияи Панҷ дар робита ба ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохторҳои ноҳиявӣ изҳори норозигӣ кард.
«Дар баъзе сохторҳои ноҳиявӣ кадрҳое машғули коранд, ки ба вазифаи ишғолкардаашон мувофиқ нестанд, чанде дар сохторҳои давлатӣ бидуни маълумоти дахлдор кор мекунанд», - иброз дошт ӯ ва мисол овард, ки шуъбаи дин ва танзими расму анъана дар вилояти Панҷро байтор роҳбарӣ мекунад.
«Охир дар ин шуъба бояд мутахассис кор кунад, ки аз фалсафаи дин ба хубӣ огоҳ бошад», - таъкид дошт Д.Гулмаҳмадов.
Тибқи мушоҳидаҳои ӯ, дар чанде аз ҷамоатҳои ноҳия мутахассисон бидуни маълумоти олӣ кор мекунанд. «Маълумоти котиби ҷамоат миёнаи техникӣ буда, сармутахассис аттестати маълумоти миёна дорад», - гуфт раиси вилоят ва савол дод, ки «Магар дар ноҳияи кадрҳои дорои маълумоти олӣ каманд?».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста