Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз озмуни моҳи феврали соли гузашта эълоншуда оид ба муайян кардани «Беҳтарин нозири минтақавии сол» натиҷагирӣ кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори комисссияи махсус Муродмад Калонов, подполковники милитсия, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №26 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе беҳтарин нозири минтақавии милитсияи пойтахт дониста шуд.
«Ба зинаҳои дуюму сеюми озмун Ҳоким Маҳмудов, майори милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №7 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ва Саидмуҳаммад Акобиров, лейтенанти калони милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №15 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовор дониста шуданд», - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, ғолибони озмун мутаносибан бо мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 15 ҳазор, 12 ҳазор ва 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста