Маркази санитариву эпидемилогии вилояти Хатлон фаъолияти 4 ошхонаҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо дар минтақаро муваққатан боздошт.
Сардухтури санитарии вилояти Хатлон Нурулло Бояков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби аз фаъолият бозмондани ошхонаҳо риоя нашудани меъёрҳои санитарӣ аст. «Ин ошхонаҳо то бартараф кардани камбудиҳояшон баста шуданд», - гуфт Бояков.
Ба гуфтаи ӯ, аз оғози сол дар вилояти Хатлон вазъи санитарии 4 ҳазору 72 иншоот санҷида шуда, аз рӯйи натиҷаҳои ин санҷишҳо 850 нафар ба ҷазои маъмурӣ кашида шуданд. «Онҳо ба маблағи умумии 70 ҳазору 310 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд», - иброз дошт сардухтури вилоят.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки фаъолияти 143 иншооти дигар то бартараф намудани камбудиҳо боздошта шудааст.



Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
“Худоё, ба хайркунанда подош бидеҳ!”. Посух ба муҳимтарин саволҳо дар бораи фитри рӯза ва садақаи ҷория дар Рамазон
Давоми 5 соли наздик ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи нақлиёт 2 млрд доллар лозим аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста