Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон Штефан Эрберро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Зимни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманди тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғоз Абдураҳмон Қодирӣ доир ба ҳадафҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, аз ҷумла гузаронидани ислоҳоти замин ба хотири дастрасии воқеии деҳқонон ба замин ва ташкили хоҷагиҳои нав маълумот дод.
Таъкид гардид, ки новобаста аз сар шудани мавсими киштукор, ин раванд то охири сол идома ёфта, беш аз 40 ҳазор хоҷагии нави оилавию инфиродӣ ташкил мешавад ва шумораи умумии хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ба беш аз 60 ҳазор мерасад. Зикр шуд, ки то имрӯз зиёда аз 22 ҳазор хоҷагии нав дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм ташкил ёфтааст.
Раиси вилоят ҳамчунин изҳор намуд, ки дар вилоят ҷиҳати эҳёи соҳаи саноати сабук ва ҳунарҳои анъанавӣ низ ташаббусҳои муфид бо мақсади фаъол кардани корхонаҳои азими аз кормонда, ташкили коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва рушди гилембофию сӯзанидӯзӣ амалӣ мешаванд.
Штефан Эрбер ҳавасмандии ҷонибашро дар самти амалӣ намудани якчанд барномаи муфид на танҳо дар соҳаи кишоварзӣ, балки саноат низ изҳор намуд. Ӯ афзуд, вилояти Суғд аз минтақаҳоест, ки ташкилоти мазкур метавонад дар амалӣ намудани чунин лоиҳаҳо фаъолона ширкат варзад. Қайд карда шуд, ки пас аз муайян намудани самти кор ва ба мувофиқа омадани ҷонибҳо, дар ояндаи наздик тарҳрезии барномаҳои нав дар вилоят шурӯъ мешавад.




“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?
“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54
Аз имзои санадҳои наву оғози бунёди чанд коргоҳ то ифтитоҳи бинои нави сафорату ширкат дар барномаи “Шоми дӯстӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026
Эрон бо чӣ роҳ мехоҳад дар ҷанг пирӯз шавад? Роҳбурди ҷангии Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари ҳамлаи Амрико ва Исроил
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт
Аз 1-уми апрел дар Русия Telegram масдуд мешавад. Муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон дар тамос бошанд?
Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста