Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ даъвати чорум қонун «Дар бораи адабиёти таълимӣ» якдилона маъқул шуморида шуд.
Зимни шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур ба вакилон яке аз муаллифони он, вакили парлумон Лутфулло Саидмуродов зикр кард, ки айни замон баъзе китобҳои дарсии кишвар на ҳамеша ба меъёр ва талаботи маориф ҷавобгӯ буда, ин ба пурра азхуд нашудани барномаи таълимӣ аз ҷониби хонандагон боис мегардад.
«Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, мизони азхудкунии барномаи таълимӣ дар мактабҳои кишвар дар солҳои хониши 2012-2013-ум 69%-ро ташкил дод», - иброз дошт вакил.
Ба қавли ӯ, пас аз пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ҳукумат ба маблағгузории нашри китобҳои нави таълимӣ имкон надошт. «Соли 1999 дар Тоҷикистон – 9 номгӯи китобҳои дарсӣ бо теъдоди умумии 780 ҳазор нусха, солҳои 2001-2011 – 200 номгӯйи китоби таълимӣ бо теъдоди умумии 18 млн. нусха ва солҳои 2012-2013 – аллакай 32 млн. нусха китобҳои дарсӣ ба нашр расиданд», - қайд кард ӯ.
Л.Саидмуродов итминон дод, ки қабули қонуни зикршуда ба беҳбуди сифати нашри китобҳои дарсӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам меоваранд, зеро онҳо ҳатман мавриди ташхис қарор мегиранд.
Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар ин робита изҳор намуд, ки барои низоми маорифи кишвар қабули ин қонун хеле муҳим аст. «Шурӯъ аз соли 2015 нашри китобҳои таълимии насли нав дар кишвари мо оғоз мегардад. Барои муллифони ин китобҳо ояндаи наздик озмун эълон карда мешавад», - зикр кард вазир.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста