Дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-солагии таъсиси шабакаи телевизионии вилояти Хатлон – «ТВ-Хатлон» раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Асадулло Раҳмон ба Раёсати вилоятии ин идора истгоҳи техникии саҳроӣ (ПТС) тақдим кард.
Ӯ зикр кард, ки таҷҳизоти мазкур ба инъикоси чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ имконоти бештар фароҳам месозад. «Қаблан барои наворбардорӣ дар вилояти Хатлон мо аз Шабакаи аввал истгоҳи техникии саҳроӣ меовардем», - гуфт А.Раҳмон.
Ғайр аз ин, ӯ ба шабакаи радиои вилоят 10 адад диктофонҳои рақамӣ тақдим намуда, ваъда дод, ки ояндаи наздик маркази техникии телевизионро бо компютери махсус таъмин мекунад.
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ҳамчунин изҳор кард, ки давоми як моҳ барои ташкили ансамбли эҷодии мусиқӣ дар назди Раёсати Кумита асбобу лавозимоти заруриро дастрас мекунад.
Раиси вилояти Хатлон зимни суханронии табрикотии худ зикр кард, ки «ТВ-Хатлон» замоне таъсис дода шуд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошта, ҷомеаро ҳисси ноумедӣ ба оянда фаро гирифта буд, вале ҳайати кормандони телевизион сарбаландона аз иҷрои вазифаҳояшон баромаданд.
«Имрӯз «ТВ-Хатлон» 6 соат дар як шабонарӯз барномаҳо намоиш медиҳад, ки моро қонеъ намесозад. Умедворам, ки Асадулло Раҳмон ба рушди телевизиони мо кумак мекунад. Имрӯз ман дар бораи ҷудо кардани як маблағи муайян барои харидории таҷҳизоти техникӣ барои телевизиони вилоят қарор ба имзо расонидам ва умед дорам, ки ин иқдом ва кумаки имрӯзаи А.Раҳмон ба рушди «ТВ-Хатлон» ва инъикоси воқеиву фаврии дастовардҳову мушкилоти вилоят дар он мусоидат мекунад», - гуфт Гулмаҳмадов.
«ТВ-Хатлон» дар заминаи радиои вилояти Хатлон пас аз анҷоми иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, соли 1993 ҳангоми муттаҳид сохтани ду вилоят – Қӯрғонтеппаву Кӯлоб таъсис дода шуд. Барномаи нахустини «ТВ-Хатлон» санаи 25-уми августи соли 1994 пахш гардид. Он замон барномаҳои «ТВ-Хатлон» тариқи Телевизиони Тоҷикистон намоиш дода мешуд. Аз моҳи июни соли 2008 «ТВ-Хатлон» дар шабакаи мустақили худ дар як шабонарӯз 6 соат барнома намоиш медиҳад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста