Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа қабл аз ҳама маротибаи дигар масъалаи ҳолати нигаҳдошту коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ва ҷӯйборҳои атрофи роҳҳои автомобилгард ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бо дарназардошти идомаёбии мавсими боришот ва пешгирӣ аз оқибатҳои боронҳои сел мавриди таваҷҷуҳи хосаи шаҳрдорӣ қарор гирифт.
«Бо таваҷҷуҳ ба амалисозии иқдомоти шаҳрдорӣ оид ба масъалаҳои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, таҷлили ҷашнҳои навбатии Рӯзи Ваҳдат, 23-солагии соҳибистиқлолии кишвар, 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ, раиси пойтахт шуъбаи тадорукоти дастгоҳи мақомоти шаҳрдориро вазифадор намуд, ки то 20-уми май рӯйхати номзадҳои имконпазир барои қабул ба кор дар мақомоти шаҳрдории пойтахт ва ҳукуматҳои ноҳияҳои пойтахтро омода созад», - иттилоъ медиҳад манбаъ.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста