Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) маълумот дар бораи музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар кишварҳои Иттиҳод дар моҳи феврали соли равонро интишор намуд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ музди меҳнати пасттарин миёни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 175 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Зикр мегардад, ки тайи шаш соли ахир музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон қариб 4 баробар (аз 215 сомонии моҳи феврали соли 2008 то 820 сомонӣ дар моҳи феврали соли 2014) афзудааст.
Дар ин моҳ музди меҳнати аз ҳама баландтарин дар Русия – 820 доллари ИМА ба қайд гирифта шудааст. Моҳи феврали соли ҷорӣ музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар Қазоқистон – 575 $, Озарбойҷон – 545 $, Белорус – 540 $, Арманистон – 380 $, Украина – 355 $, Молдова – 275 $ ва Қирғизистон – 200 $-ро ташкил додааст. Дар бораи музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар моҳи феврали соли равон дар Ӯзбекистону Туркманистон маълумот дода намешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста