Имрӯз дар Душанбе аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдакон» лоиҳаи қонун «Дар бораи медиатсия» муаррифӣ шуд. Лоиҳаи қонуни мазкурро кормандони Вазорати адлия, Дастгоҳи иҷроияи президент ва вакилони палатаи поёнии парлумон таҳия намудаанд.
Дар маросими муаррифӣ таҳиягари лоиҳаи қонун аз Вазорати адлия Абӯбакр Иномов иттилоъ дод, ки медиатсия шакли алтернативии баррасии судӣ аст. «Ин додрасест, ки новобаста аз мақомоти судӣ парванда нисбати ноболиғро баррасӣ мекунад. Агар ҷонибҳо ба созиш расанд, медиатор дар робита ба оштии ҷонибҳо қарор содир мекунад. Ин қарор ба мақомоти судӣ фиристода шуда, бо ҳамин парванда нисбати ноболиғ қатъ мегардад», - шарҳ дод Иномов.
Ба гуфтаи ӯ, медиатор ҳамчун ташкилотест, ки бояд мустақилона кор кунад ва барои фаъолияти он аз ҷониби давлат маблағ ҷудо намегардад, аз ин рӯ, маблағи ин кор аз ҷониби тарафҳо пардохт карда мешавад.
Иномов зикр кард, ки ниҳоди медиатсия ҳамчун сохтори мустақил аз мақомоти давлатӣ пешбинӣ мешавад. «Аммо дар ҷойи холӣ чизеро бунёд кардан ғайриимкон аст. Дар ин робита дар ҳамдастӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ тасмим гирифта шуд, ки пас аз қабули қонун баъди ду сол гузариш сурат гирифта, мақомоти ҷудогона таъсис дода мешавад. Дар ин вақт ба масъалаҳои омодагӣ бояд Вазорати адлия машғул шавад. Шояд дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия курсҳои омодакунии медиаторҳоро ташкил намоем», - қайд кард Иномов.
Гулчеҳра Раҳмонова, намояндаи «Маркази ҳуқуқи инсон» зикр кард, ки омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо дар қабули ин қонун муҳим аст. «Ин қонун дар Гурҷистон хеле хуб мавриди амал қарор дорад. Шаҳрвандони оддӣ, ки дар ҷомеа соҳиби мақоми муайяне ҳастанд, медиатор шуда, масъалаи ҷуброни зарари моддӣ метавонад бо ҷалби кӯдакон ба ягон навъи кор ҳал шавад», - гуфт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки ахиран шумори ҷиноятҳо миёни ноболиғон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Ба гунаи мисол, агар соли 2011 шумори ҷиноятҳо миёни кӯдакон ва наврасон 545 ҳодисаро ташкил дода бошад, пас соли 2012 шумори онҳо ба 625 ва соли 2013 ба 726 далел расидааст.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста