Имрӯз сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба бемористони ба номи А.А. Вишневскийи Вазорати мудофиаи Русия дар шаҳри Красногорски вилояти Москва рафта, Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки барои ҷарроҳӣ ба Маскав оварда шудааст, аёдат кард.
Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, дар ин дидор шахсан Абдулмаҷид Достиев аз аҳволи бемор пурсон шуда, бо табибон ва падари Шаҳбол Мирзоев гуфтугӯ кард.
«Маълум гардид, ки бино бар баланд шудани фишори Шаҳбол масъалаи гузаронидани ҷарроҳӣ ба чанд рӯз пас вогузор шудааст. Феълан вазъи Шаҳбол муътадил аст. Ба гуфтаи сардори шуъбаи 31-ми нейрохирургияи беморхона, номзади илмҳои тибб, подполковники хидмати тиббӣ Владимир Мануковский, баъд аз идҳои моҳи май Шаҳболро ҷарроҳӣ хоҳанд кард», - иброз дошт М.Эгамзод.
Ба қавли ӯ, сафири Тоҷикистон ҳамчунин аз ду полковники рус, ки яке аз онҳо лётчики хизматнишондодаи ҳарбӣ, ҳамутоқи сарбози тоҷик Александр Нинадов мебошад, барои иқдоми неки онҳо ҷиҳати ба Шаҳбол додани навбати ҷарроҳии худ изҳори сипос намуд. «Шаҳбол имруз ҷашни зодрӯз дорад. Сафири Тоҷикистон Шаҳболро ба зодрӯзаш табрик намуда, ба ӯ шифои комил орзу кард», - афзуд номбурда.
Падари сарбоз барои ба Русия бурдани писараш маҷбур манзили истиқоматиаш дар ноҳияи Аштро фурӯхт. Табибони Русия изҳор доштаанд, ки, ки зимни чунин ҷароҳатҳо ҷарроҳӣ ҳатмӣ аст ва ба анҷоми муваффақонаи он кафолат додаанд. Арзиши пешакии ҷарроҳӣ дар дармонгоҳи Русия беш аз 400 ҳазор рубли русӣ (зиёда аз 11 ҳазор $)-ро ташкил медиҳад, аммо арзиши ниҳоӣ пас аз муоинаи сарбоз маълум мешавад.
Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи табибон аз Эрон барои гузаронидани ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми ҳарбии 2026 воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳат бардошта буд, ба Тоҷикистон наомаданд.
Сабаби ба Тоҷикистон наомадани онҳо ба суратҳисоби дармонгоҳи Сино интиқол нагардидани беш аз 56 ҳазор сомонӣ маблағи зарурӣ барои хароҷоти ҷарроҳии сарбоз аз ҷониби қисми низомии 2026 унвон мешавад.
Нарзулло Расулов, муовини сардори ситоди госпитали марказии нерӯҳои мразбонии ҶТ мутмаинона изҳор карда буд, ки Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва мутаносибан ба интиқоли маблағи пулӣ низ ҳеҷ зарурате нест.
«Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад. Сарбозро 12 нафар профессорон муоина мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, осебҳои сутунмуҳра дар қисмати гардан аллакай шифо ёфта истодаанд. Дар саросари дунё ин гуна беморон ҷарроҳӣ намешаванд. Рӯзҳои наздик мо бо гурӯҳи табибон аз Эрон машварат баргузор намуда, ба хулосаи ягона мерасем», - иброз дошт Расулов.
Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Чанде қабл як гурӯҳи шаҳрвандони ташаббускори Тоҷикистон ба хотири дастгирии сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев пешниҳод карданд, ки доранд, ки барои анҷом додани ҷарроҳии сутунмӯҳраи сарбоз аз воситаҳои худӣ маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ карда шавад. Рӯзи 17-уми апрел дар «Агроинветсбонк» ба номи сарбоз суратҳисоб кушода шуда , хоҳишмандон мувофиқи имкон метавонанд ба он маблағ гузаронанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста