Анонс
- Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқот оид ба варзиши сабук миёни ҷавонон баргузор мешавад;
- Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи даври ниҳоии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон мусобиқот оид ба бокс доир мегардад.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9339 сомонӣ;
1 евро - 6.9511 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1395 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1949 – Дар ИҶШС гузориши нахустини телевизонӣ оид ба футбол аз варзишгоҳи «Динамо» доир гардид.
1946 – Ифтитоҳи варзишгоҳи «Динамо» дар Тоҷикистон.
2001 – Дар Душанбе Машварати 11-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) доир гардид.
2007 — Дар Тоҷикистон нахустин портали иттилоотӣ бо забони тоҷикӣ – www.varorud.tj ифтитоҳ гардид.
2008 — Дар Тоҷикистон созмони нави байнулмилалии ҷамъиятӣ – Ассотсиатсияи ВАО-и форсизабон «Афрӯз» сабти ном шуд.
2011 – Террористи №1, раҳбари «Ал-Қоида» Усама бен Ладен кушта шуд.
1903-1978 – Зодрӯзи аввалин коргардони ҳирфаии тоҷик, муассиси студияҳои кинои Душанбе ва Тошканд, Ҳунарманди халқии ИҶШС, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Комил Ярматов.
1911-1977 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Ленин, раиси Кумитаи ҳамраъйӣ бо кишварҳои Осиёву Африқои ИҶШС Мирзо Турсунзода.
1915-1974 – Зодрӯзи олим-филолог, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ.
1928-2001 – Мавлуди академик, арбоби давлатӣ Акбар Махсумов.
1947 – Зодрӯзи Мақсуд Икромов, вакили ду даъвати Шӯрои Олии ҶТ (23-юми декабри соли 1997 ба ҳалокат расид).
1958 – Мавлуди журналист Алихон Зарифӣ.
1963-2002 – Зодрӯзи журналист ва овозхон Лидуш Ҳабиб.
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ва жола, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +27+31, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ва жола, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +14+19.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +6+11, рӯзона +15+20; дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +4+9.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ва жола, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +25+27.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +22+24.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ва жола, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +17+19.




Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51
Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026
Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз дар Ӯзбекистон “Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон” оғоз мешавад
Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста