Чанде қабл нимаи дуюми рӯз як чинори 20-метраи хушкшуда дар ҳавлии №70-и хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ба замин афтид. Хушбахтона, ин замон назди он касе қарор надошт.
Тавре ба «Азия-Плюс» сокинони ин хона хабар доданд, ин дарахт чандест, ки бо садои шикастани танаашу ба замин афтидани шохҳои бузургаш хатарнок будааст. «Дарахти афтида ба қубури таъмини газ зарар расонид, вале тариқи ин қубур кайҳост, ки газ интиқол дода намешавад», - гуфтанд онҳо.
Ба қавли сокинони бино, дар ин майдон то нимаи рӯз кӯдакон бозӣ доштаанд ва бо шунидани овози шикастани дарахту ба замин афтодани он аксари сокинони бино ба берун баромадаанд, вале хадамоти коммуналии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ин ҳодиса алҳол ҳеҷ таваҷҷуҳе зоҳир накардаанд.
Замони ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан якчанд сокинони кордони бахши хусусӣ дарҳол чӯбу шохҳои афтидаи дарахтро барои ҳезум ҷамъоварӣ доштанд. Сокинони бино аз он дар ташвишанд, ки дар наздикии ҳамин майдон барои кӯдакон боз як дарахти чинори пӯкидаву фарсуда мавҷуд аст.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста