Давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикистон каме бештар аз 67 солро ташкил медиҳад.
Мутобиқи маълумоти Китоби умумиҷаҳонии далелҳои Раёсати марказии иктишофии ИМА (The World Factbook CIA), бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон зинаи 166-умро ишғол кардааст, ки ҳам миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил охирин аст.
Ҳамин тариқ, мақоми кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чунин аст: Арманистон – ҷойи 166-ум (давомнокии миёнаи умр 74,12 сол); Ӯзбекистон – 125 (73,29 сол); Белорус – 138 (72,15 сол); Озарбойҷон – 141 (70,91 сол); Қазоқистон – 150 (70,24 сол); Русия – 151 (70,16 сол); Молдова – 152 (70,12 сол); Украина – 156 (69,14 сол), Туркманистон – 156 (69,47 сол), Қирғизистон – 153 (70,06 сол) ва Тоҷикистон – 166 (67,06 сол).
Дар рӯйхати кишварҳои зикргардида мақоми аввали насиби Монако шудааст, ки давомнокии миёнаи ҳаёт дар он 89,57 солро ташкил медиҳад. Мақомоти дуюмро Макао ва зинаи сеюмро Ҷопон ишғол карда, даҳгонаи кишварҳои беҳтарин дар ин рӯйхат бо Австралия (82,07 сол) хотима меёбад.
Сегонаи кишуварҳои номусоидтарин барои ҳаёт аз Гвинеа-Бисау, Африқои Ҷанубӣ ва Чад иборат аст, ки давомнокии миёнаи умр дар онҳо ба 49-50 сол баробар аст




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста