Кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» музди меҳнати якрӯзаи худро баҳри кумак ба осебдидагон аз офати табиӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ тақдим карданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» мудири дафтари кории бонки мазкур дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов хабар дод, ин иқдом дар остонаи таҷлили ҷашни Иди Ғалаба сурат гирифт, то ки осебидагонро бо ин ҷашн табрик намуда, ҳамчунин хотиррасон шавад, ки бо гузашти вақт онҳо фаромӯш нашудаанд (фоҷеа бо талафоти ҷонӣ даҳаи аввали моҳи апрел рух дод).
Ба гуфтаи ӯ, ба 176 оилаи осебида дар ноҳияҳои Шӯрообод, Мӯъминобод, Восеъ, Кӯлоб ва Хуросони вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 1-халтагӣ орд, 5-килогӣ биринҷ, шакар, равған ва 10-килогӣ макарон кумак карда шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста