Дар Маркази фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон бори нахуст 30 қисмат аз китоби Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ бо шакли манзум ба нашр расид.
Бино ба иттилои агентии иттилоотии эронии Ahlulbayt , барои нашри 30 қисмати китоби Қуръон таҳти унвони «Қуръоннома» аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ иҷозати расмӣ гирифта шудааст. Муаллифи тарҷума эронӣ Умед Маҷид мебошад, ки китобҳои муқаддаси «Наҳҷ-ул балоға» ва «Саҳифаи Саҷадия»-ро низ бо шакли манзум ба забони тоҷикӣ таҳия кардааст.
Ҳарчанд дар Маркази фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон ва дар Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин бора ҳеҷ шарҳе пешниҳод накарданд, вале дар сомонаи иттилоотии эронӣ зикр мегардад, ки тарҷумаи китоби Қуръон пас аз омӯзиши даҳҳо ҳазор саҳифаҳо оид ба мазҳабҳои сунниву шиа анҷом пазируфтааст. Гуфта мешавад, тарҷума аз ҷониби Шӯрои мутарҷимони Қуръон тасдиқ шудааст.
Муддати чандин сол аст, ки дар Тоҷикистон китоби Қуръон ба забони тоҷикӣ чоп мешавад, вале ба шакли наср, на манзум. Ҳамчунин дар Google Play метавон замимаи ройгони «Quroni Karim» -ро дастрас намуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста