Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муовинони худ ва раисони ноҳияҳои пойтахтро ба гузаронидани вохӯриҳо бо аҳолии микрорайонҳо рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа то 31-уми август вазифадор намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар вохӯриҳое, ки мутобиқи ҷадвали тасдиқшуда соати 8-и субҳ доир мегарданд, ҳамчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти шаҳрдорӣ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ иштирок мекунанд.

«Муовини аввали раиси пойтахт Насрулло Хайруллоев бо аҳолии ноҳияи Сино, муовинон Руқия Қурбонова бо аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Низом Ҳакимов бо аҳолии ноҳияи Шоҳмансур ва Ҷамшед Мансуров бо сокинони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ доир мекунанд», - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин вохӯриҳо мушкилоти аҳолӣ баррасӣ шуда, мувофиқи имкон ҷиҳати ҳалли онҳо дар ҳамон маҳал чораҷӯӣ карда мешавад.