Рӯзи 17-уми май дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №89-и ноҳияи Синои пойтахт аз фанни забони олмонӣ олимпиада баргузор мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, олимпиада аз ҷониби маъмурияти мактаби №89 бо дастгирии сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.
«Айни замон танҳо дар шаҳри Душанбе дар 61 синф забони олмонӣ меомӯзанд. Шумори умумии толибилмоне, ки ба омӯзиши ин забон машғуланд, 1 ҳазору 776 нафарро ташкил дода, 832 нафарашон духтаронанд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аз синфи 3 оғоз мегардад», - гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, аллакай тобистони ҳамин сол ғолибони олимпиада дар олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба забони олмонӣ иштирок мекунанд. Олимпиадаи миллӣ оид ба аз ҳама беҳтар азхуд кардани забони олмонӣ аз ҷониби сафоратхонаи Олмон дар Душанбе, Институти Гёте дар Тошканд, Идораи марказӣ оид ба маълумоти мактабӣ дар хориҷа (ZFA), Хадамоти Олмон оид ба табодули академӣ (DAAD) бо мусоидати Маркази забонҳо оид ба омӯзиши забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе барпо карда мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста