Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон» - «Ҷумҳурият» ба изҳороти рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода посух гуфт. Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафти сипаришуда радиои бритониёии Би-Би-Сӣ мусоҳиба бо Тӯраҷонзодаро интишор кард. Дар мусоҳиба Тӯраҷонзода изҳор мекунад, ки Душанбеи расмӣ бояд ошкоро дар бораи дастгирӣ кардани Русия оид ба масъалаи Украина ҳарф занад.

Рӯҳонӣ бар ин назар аст, ки Маскав Қримро ба Русия ҳамроҳ карда, адолати таърихиро барқарор намуд ва амали ҳукуматдорони нави Украина иштибоҳ аст, ки ба хунруезиҳо боис гардид.

Ӯ чунин мешуморад, ки дар замони муосир Русия ягона кишваре нест, ки нуфуз ва иқтидори ҳарбии худро бароит ҳалли масоили қаламравӣ истифода мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар нашрияи «Ҷумҳурият» дар маводи «Нигоҳи нохуб» бидуни муаллиф зикр мегардад, ки суҳбати Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода бо бахши русии радиои Бӣ-бӣ-сӣ дар робита ба ҳаводиси Украина симои аслии ин рӯҳонии ба истилоҳ «саршинос»-ро дигарбора ошкор кард.

«Ин чеҳраи баҳсбарангез, ки бо изҳороти иғвогарона гоҳ пушти андешаҳои диниву мазҳабӣ паноҳ бурда, гоҳе дар майдони бозиҳои сиёсӣ ҳозир мешавад, дар гуфтугӯ бо хабарнигори Би-би-сӣ ба навҳаи худ аз мавқеи Русия дар қиболи воқеаҳои Украина пуштибонӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки «Зидди табаддулот, сарнагунии ҳукумат бо роҳҳои зӯроварӣ мебошам. Аз ин рӯ, аз ҷонибдорони майдони Украина ҳимоят намекунам».

 Мусаллам аст, ки бисёр доираҳои сиёсӣ низ дар пасманзари ҳаводиси ин кишвар такя ба чунин мавқеъ доранд ва ин як амри бебаҳс аст. Вале дар идомаи суҳбат руҷӯи Тураҷонзода ба даргириҳои солҳои 1992 - и кишвари мо дар зеҳни шунавандаву хонанда суолҳоеро матраҳ месозад. Мавсуф чи гуна бо роҳи зӯроварӣ ба истеъфо равон кардани Президенти вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиевро ёдовар шуда, даргириҳои мусаллаҳона ва ҳазорҳо қурбонӣ барҷой гузоштани ҷанги шаҳрвандиро паёмадҳои ин амал медонад», - менависад нашрия.

Дар мақола изҳори таассуф карда мешавад, ки ин суханҳоро нафаре ба забон меорад, ки худ дар саргаҳи нооромиҳо дар кишвар ва нақш доштан дар табаддулот қарор дошт. Навору нишонаҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳама «қаҳрамонҳояш» дар бойгониву саҳифаҳои таърихи мамлакат аст ва он ҳаводис то кунун ҳоҷат ба омӯзишу пажӯҳиш надоранд, зеро ҳамагон худ шоҳиди ҳоланд. Дар ин робита нақши Тураҷонзодаву пайравонаш низ аз лавҳи хотирҳо зудуда нашудааст. Вале солҳои охир Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода бо тамоми ҳастӣ талош мекунад, то ин доғро аз номи худ шуста ҳамагонро бовар кунонад, ки дар муноқишаҳои нангини солҳои аввали Истиқлолият гуноҳе надорад. Ҳаёт нишон дод, ки Тураҷонзода ҳамеша дар ниқоби нав зуҳур карда, мухолифати худро ошкору ниҳон ба ваҳдати халқ, манфиатҳои миллӣ нишон медиҳад.

Гуфта мешавад, ӯ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки аз ҷониби мардум бо хушҳолии тамом истиқбол шуд, рӯйдоди номатлуб, ҳатто мусибат хонд. Ин андешаи барғалат баёнгари ҷеҳраи аслии Тураҷонзода буда, нохушнудии ӯ аз фардои пурсаодати миллат ва тарбияи насли созандаро нишон медиҳад.

«Ин гуна мисолҳо аз ҳаёти эшон зиёданд. Агар кори хайру савобе анҷом дода, ё иқдоме ба манфиати давлату ҳукумат гирифта шавад, ҳатман норизоии Ҳоҷӣ Акбару Нуриддин Тураҷонзодаҳо ба миён меояд. Онҳо ҳанӯз ҳам аз озодиҳои мазҳабии хеш ба хоҷагони берунаи худ шикоят мебаранд, ҳарчанд ки Тоҷикистон ба унвони як давлати дунявӣ ба ҷойгоҳи рӯҳониён ҳамеша эҳтиром мегузорад ва дар иҷрои фароизи динӣ низ то кунун мушкиле эҷод нашудааст.

Дар фарҷом зикр мегардад, ки хол он ки маҳз дахолати ноҷойи чеҳраҳои мазҳабӣ дар мисоли Тӯраҷонзода сабабгори аслии даргириҳо дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ буд. «Агар онҳо аз ин гирудорҳо канор меҷустанд, ҷанги шаҳрвандӣ мамлакатро фаро намегирифт ва ин қадар хисороти ҷониву молӣ низ дар миён намеафтод», - гуфта мешавад дар мавод.