Анонс
- 17-18- уми май сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё идома меёбад;
- 17 май дар майдони 800-солагии Маскави Душанбе бахшида ба Рӯзи байнулмилалии оила консерт ва озмунҳои гуногун доир мегарданд. Оғоз соати 09-30;
- 17 май дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе Конфронси 8-уми кишварии ҳамватанони русиягӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;
- 17 май Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон ширкат хоҳад кард;
- 17 май дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №89-и ноҳияи Синои пойтахт аз фанни забони олмонӣ олимпиада баргузор мешавад. Олимпиадаи миллӣ оид ба аз ҳама беҳтар азхуд кардани забони олмонӣ аз ҷониби сафоратхонаи Олмон дар Душанбе, Институти Гёте дар Тошканд, Идораи марказӣ оид ба маълумоти мактабӣ дар хориҷа (ZFA), Хадамоти Олмон оид ба табодули академӣ (DAAD) бо мусоидати Маркази забонҳо оид ба омӯзиши забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе барпо карда мешавад;
- 18 май дар Тоҷикистоон Рӯзи дави миллӣ доир мегардад;
- 18 май осорхонаи миллии Тоҷикистон аксияи «Шаб дар осорхона – шаби ҳунармандӣ» баргузор мекунад. Аз соати 18-00 то 23-00 воридшавӣ ба осорхона озодона мешавад;
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9099 сомонӣ;
1 евро - 6.9370 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.14 21 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
17 Май
2002 – Миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи иловагӣ дар бораи марзи давлатӣ, Эъломияи муштарак ва Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши комплекси энергетикӣ ва сӯзишворӣ ба имзо расиданд.
2003 – Шабакаи радиои «Азия-Плюс» таҳти сарпарастии президенти ҷумҳурӣ маросими нахустини тақдими Ҷоизаҳо дар соҳаи мусиқии муосир – «Суруди сол-2003»-ро баргузор намуд.
1934 – Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол.
1948 – Мавлуди сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Низом Ҳамробоев.
1964 – Зодрӯзи нависанда ва драматург Тоҳири Муҳаммадризо.
18 Май
Рӯзи байнулмилалии осорхонаҳо
1937 – Ифтитоҳи намоишгоҳи сеюми ҷумҳуриявии рассомони Тоҷикистон
1941 – Зодрӯзи журналист ва нависанда, арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Нурмуҳаммад Табаров (вазири фарҳанги ҶТ, сардабири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ, феълан мушовири ҳафтавори «Чархи гардун»).
1954 – Мавлуди журналист Шариф Ҳамдамов, муассис ва роҳбари медиа-холдинги «Оила – «Тоҷикистон».
1972 – Зодрӯзи журналист Зинатуллоҳи Исмоил.
Вазъи обу ҳ аво
17-уми май
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +19+24.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +22+27.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +5+10, рӯзона +20+25; дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +5+10.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +22+24.
18-уми май
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, 19 май дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +16+21.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, 19 май дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +18+23.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 19 май баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +8+13, рӯзона +18+23; дар шарқи вилоят шабона -4+1, рӯзона +8+13.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +27+29.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +22+24.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста