Дар олимпиада аз фанни забони олмонӣ, ки имрӯз дар яке аз мактабҳои пойтахт мегузарад, 16 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ иштирок доранд, вале танҳо ду нафарашон ғолиб эълон карда хоҳанд шуд ва маҳз ин ду нафар ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байнулмилалӣ аз забони олмонӣ ба Олмон мераванд.

«Дар олимпиадаи байнулмилалӣ дар Олмон намояндагони ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ширкат мекунанд. Ғолибони олимпиадаи байнулмилалӣ беҳтарин донандагони забони олмонӣ дар саросари ҷаҳон шуморида мешаванд», - иброз дошт ба «Азия-Плюс» роҳбари маркази иттилоотии Хадамот оид ба табодули академии Олмон Артур Рапп.

Олимпиадаи миллӣ оид ба забони олмонӣ дар саросари ҷаҳон ду маротиба дар як сол баргузор мешавад. Ин олимпиада дар Тоҷикистон бори нахуст доир мегардад.

Олимпиадаи миллӣ оид ба аз ҳама беҳтар азхуд кардани забони олмонӣ аз ҷониби сафоратхонаи Олмон дар Душанбе, Институти Гёте дар Тошканд, Идораи марказӣ оид ба маълумоти мактабӣ дар хориҷа (ZFA), Хадамоти Олмон оид ба табодули академӣ (DAAD) бо мусоидати Маркази забонҳо оид ба омӯзиши забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе барпо карда мешавад.

Ба гуфтаи Артур Рапп, олимпиада аз ду қисмат – қисмати шифоҳӣ ва хаттӣ иборат аст. «Ҳуҷҷатҳо танҳо дирӯз нашр шуданд, то ки онҳоро касе набинад ва олимпиада бо назардошти талаботи байнулмилалӣ доир гардад. Қисмати хатти олимпиада дирӯз доир гашт ва имрӯз қисмати шифҳиашро баргузор мекунем. Иштирокчиёнро ба ду гурӯҳ ҷудо карда, барои муаррифинома мавзӯъ медиҳем. Ду нафари беҳтаринро сафар ба Олмон интизор аст», - зикр кард номбурда.

Артур Рапп дар идома ҳамчунин зикр кард, ки сол то сол шумори хоҳишмандони омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, айни замон танҳо дар пойтахт дар 61 синф забони олмонӣ меомӯзанд. Шумори умумии толибилмоне, ки ба омӯзиши ин забон машғуланд, 1 ҳазору 776 нафарро ташкил дода, 832 нафарашон духтаронанд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аз синфи 3 оғоз мегардад.

Ҳукумати Олмон бо панҷ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад, ки сетоашон дар шаҳри Хуҷанд ва дутоашон дар пойтахт воқеъанд.